Дар тирпарронӣ дар Ҳирот занону кӯдаконро куштанд

Shared to Facebook

Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи даргириҳо миёни ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии “Толибон” ва як гурӯҳи мусаллаҳ дар шаҳри Ҳирот, дар шимолу ғарби Афғонистон, ҳадди ақал, 17 нафар бо шумули занону кӯдакон кушта шуданд.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба рӯзномаи маҳаллии Ettelaat хабар дод, ки тирпарронӣ дар кӯчаҳои шаҳр нимаи рӯз оғоз шуда, тамоми рӯз идома ёфт.

Гуфта мешавад, ки дар миёни кушташудагон ҳафт кӯдак ва се зан низ ҳастанд. Дар баробари ин чанде аз сокинони маҳаллӣ захмӣ шуда, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ин аввалин даргирӣ дар Ҳирот баъди аз 12 август сари ҳокимият омадани Толибон дар ин шаҳр будааст.

Намояндагони ҳукумати худхондаи “Толибон” гуфтаанд, тирпаррониро дар сеюмин шаҳри бузурги кишвар гурӯҳи одамрабо оғоз кард.

Дар ҳамин ҳол, бархе манобеъ гузориш додаанд, ки ин задухӯрд байни ҷангҷӯёни ду ташкилоти террористӣ — “Толибон” ва “Давлати исломӣ” буд.

Ҳафтаҳои ахир ДИИШ фаъолияти худро дар Афғонистон афзоиш дода, масъулияти як қатор ҳамлаҳои бузургро ба дӯш гирифт. Фаъолияти ин гурӯҳи тундрав ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, аммо Толибон исрор доранд, ки хатари ҷиддие барои кишвар надорад.

“Толибон”, ки иддао дорад, кулли Афғонистонро зери контрол гирифтаву амнияти сокинонро таъмин мекунад, дар асл, яке аз ҳамкорони асосии “Давлати исломӣ” дониста мешавад, ки бо ҳадафи тарсонидани сокинон аз зӯроварӣ ва ҷангҳои кутоҳи байнихудӣ даст ба нооромӣ ва қатлу кӯштор мезанад.