Мансабдор барои иҷозатнома 23 ҳазор сомонӣ гирифтааст

Shared to Facebook

Як мансабдори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар утоқи корияш пас аз гирифтани ин маблағ дастгир шудааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи манбаъ, сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон Сайдамири Файзиддин бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи “Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ” ва “Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан доранд” маблағи 23000 сомониро талаб намудааст:

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд”, — хабар дод манбаъ.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Сайдамири Файзиддин бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.