Намояндаи Тоҷикистон дар СММ ба зарурати таъсиси ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон таъкид кард

Shared to Facebook

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар гуфтугӯи интерактивӣ оид ба вазъият дар Афғонистон бо тамаркуз ба пайомадҳои вазъи баамаломада ба занону духтарон ва ақаллиятҳои миллии он кишвар, назорати ҳуқуқи инсон ва чораҳои ҷавобӣ, ки рӯзи 3 сентябр бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Канада ва Британияи Кабир дар СММ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кардааст.

Дар суханронии худ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ мавқеи кишварро дар робита ба вазъ дар Афғонистон, бахусус зарурати созмон додани ҳукумати ҳамашумул бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ таъкид кардааст.