Мусовии мунтахабҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Душанбе

Shared to Facebook

Вохӯрии чоруми мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” бо мунтахаби Арабистони Саудӣ мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт. Ин бозӣ шаби сипаригардида дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.

Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Нахуст бозигари меҳмонон Ферас Ал-Брикан дар дақиқаи 46-ум ҳисобро кушод. Вай тӯби ба назди дарвоза равонкардаи ҳамдастаашро бо зарбаи сар ба тӯри дарвоза зад. Баъдан ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Рустам Соиров дар дақиқаи 80-ум тӯби ба назди дарвоза ирсолкардаи Ҳамадонӣ Камоловро ба нишон расонда, ҳисобро баробар намуд.

Бозии дигари гурӯҳи “G” байни тимҳои миллии Урдун ва Покистон, ки шаби 26-уми март дар Варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Уммон баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 7:0 ба фоидаи урдуниҳо ба поён расид.

Ҳамин тавр, бо натиҷагирӣ аз чор давр дар гурӯҳи “G” Арабистони Саудӣ бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Зинаи 2-юмро бо 7 имтиёз дастаи Урдун ишғол кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар зинаи 3-юм ҷойгир шудааст. Футболбозони Покистон пас аз 4 давр ҳоло ягон имтиёз ба даст наовардаанд.

Дар ду вохӯрии боқимондаи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаҳои Урдун (6 июн дар меҳмонӣ) ва Покистон (11 июн дар Душанбе) бозӣ мекунад.