Президенти Қирғизистон Содир Жапаров таҳдид кардааст, ки агар ширкати русии “Газпром” уҳдадориҳои бар дӯш гирифтаашро оид ба пурра газрасон кардани ҷумҳурӣ иҷро накунад, низоми гази кишварро ба идораи давлатӣ бармегардонад. Вай гуфтааст, ин корро метавон бо намунаи кони “Қумтор” анҷом дод.
Ба навиштаи Kaktus.media, ин изҳороти Жапаров 3 ноябр зимни мулоқот бо сокинони ноҳияҳои Айтматов ва Манаси вилояти Талас дар посух ба дархости яке аз сокинони маҳаллӣ дар бораи кашидани лӯлаи газ то деҳаи наздимарзӣ садо додааст.
Жапаров ёдовар шудааст, ки соли 2013 низоми гази Қирғизистон ба “Газпром” ба маблағи рамзии як доллар фурӯхта шуда буд:
“Газпром” соҳиби он аст. То ҷое медонам, онро то соли 2039 ба як доллар фурӯхта буданд. Соли 2013-ро дар ёд доред? Гуфтанд: “Ба мо “Қирғизгаз” лозим нест, ба мо газ лозим аст” ва онро фурӯхтанд. Аз ин рӯ, масъалаҳои марбут ба газро дар ҳудуди Қирғизистон танҳо бо онҳо ҳал карда метавонем”, — гуфтааст президенти Қирғизистон.
Ҳамзамон, ӯ ёдовар шудааст, ки ҷониби Русия ҳангоми харидани дороиҳо уҳдадор шуда буд, ки газрасонии тамоми ҷумҳуриро маблағгузорӣ мекунад.
“Дар созишнома бандҳое ҳастанд, ки тибқи онҳо “Газпром” бояд барои газрасонии тамоми кишвар маблағ ҷудо кунад. Аммо ин бандҳо то ҳол иҷро нашудаанд. Ман ду-се сол боз ин масъаларо матраҳ мекунам ва ба “Газпром” мегӯям: “Агар иҷро накунед, онро мисли “Қумтор” бозпас мегирам ва худам анҷом медиҳам”, — гуфтааст Жапаров.
Президент афзудааст, то замоне ки зерсохтори газ расман ба ихтиёри давлат баргардонида нашавад, ӯ наметавонад ба аҳолӣ дар бораи муҳлати кашидани шабакаҳо ба маҳалҳои аҳолинишини мушаххас ваъдаи дақиқ диҳад.




