Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Узбекистон

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба  Узбекистон рафтааст.

Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти палатаи болоии парламент.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд” Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтаанд.

Дар доираи сафари расмӣ дар Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Узбекистон дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи “Узбекистони Нав” гулчанбар гузоштааст.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ кардаанд.