Тоҷикистонро дар “Zagreb Grand Prix” 11 ҷудокор муаррифӣ мекунанд

Shared to Facebook

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо — “Zagreb Grand Prix” Тоҷикистонро 11 паҳлавон намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст.

Ин мусобиқа аз 13-ум то 15-уми ноябр дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мешавад.

Федератсияи байналмилалии ҷудо рӯйхати варзишгарони тоҷикро чунин эълон кардааст:

• Меҳрзод Суфиев, вазни то 60 кг;

• Нурулло Аҳмадов, вазни то 60 кг;

• Искандар Маҳмадхоҷазода, вазни то 66 кг;

• Эҳсон Сафарзода, вазни то 66 кг;

• Абдуллои Ориф, вазни то 73 кг;

• Бахтиёр Бозоров, вазни то 81 кг;

• Шодмон Ризоев, вазни то 90 кг;

• Муҳаммадиқбол Тошов, вазни то 90 кг;

• Ҷаҳонгир Маҷидов, вазни то 100 кг;

• Мансур Раҳмон, вазни ҷамъи 100 кг;

• Парвиз Абдураҳмонов, вазни ҷамъи 100 кг.

Ба иттилоъи манбаъ, ба ин мусобиқа беш аз 530 ҷудокор аз 70 кишвар сабтином шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки паҳлавонони тоҷик бори охир соли 2023 дар “Zagreb Grand Prix” ширкат карда буданд. Дар он мусобиқа Тоҷикистонро ду ҷудокор – Обид Ҷебов ва Ҷаҳонгир Маҷидов муаррифӣ карда, ноком шуда буданд.