Парвози ҳавопаймо ба Хоруғ барқарор шуд

Shared to Facebook

Тайёраи Ан-28 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо 16 сарнишин аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ парвоз кард, хабар дод АМИТ “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ин нахустин парвоз мебошад, ки бо гузашти як солу чор моҳ анҷом шудааст.

Халабони ҳавопаймо Шукрихудо Додихудо иброз доштааст, ки бо зиёд шудани мусофирон имкони ҳамарӯза интиқол додани мусофирон аз пойтахт ба ВМКБ мавҷуд аст.

Қаблан раҳбари ширкати “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода хабар дода буд, ки парвозҳо самти Душанбе — Хоруғ аз сар гирифта мешаванд:

“Қарор қабул шуд, ки парвозҳо ба шаҳри Хоруғ барқарор карда шавад. Мо парвозҳои дохили кишварро барқарор мекунем”, — гуфт раҳбари ширкат ба “Спутник”.

Ӯ гуфт, рӯзи парвоз танҳо дар сурати зиёд шудани дархостҳо барои парвоз эълом карда мешаванд. 

“Дар сурати кам будани шумораи мусофирон парвоз аз назари иқтисод зараровар аст”, — қайд карда буд Исматуллозода.