Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои имконоти васеъ барои рушди энергияи барқароршаванда ҳастанд, аммо ҳамзамон бо мушкилоти ҷиддии амнияти энергетикӣ рӯ ба рӯянд. Аз ҷумла, дар фасли зимистон норасоии нерӯи барқ ва маҳдудияти таъминот дар баъзе кишварҳои минтақа ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад.
Дар ин бора роҳбари бахши энергетикаи Бонки Ҷаҳонӣ барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Стефани Гил зимни Муколамаи вазирон оид ба пешбурди гузариш ба энергияи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ изҳор доштааст. Ин ҳамоиш дар доираи Ҳафтаи энергетикии Боку баргузор гардид.
Ба гуфтаи ӯ, барои амалӣ намудани нақшаҳои бузурги рушди соҳаи энергетика танҳо ба як кишвари минтақа – Ӯзбекистон дар даҳ соли оянда тақрибан 50 миллиард доллар сармоягузорӣ зарур хоҳад буд.
Ба таъкиди Стефани Гил, ин маблағҳо барои бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ, навсозии шабакаҳо ва низоми тақсимот, инчунин рақамикунонии зерсохтори энергетикӣ лозиманд. Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо барои идоракунии самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки истеҳсоли онҳо ба шароити обу ҳаво вобаста аст, аҳамияти калидӣ доранд.
Ба гуфтаи намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хусусӣ бидуни ислоҳоти сохторӣ дар бахши энергетика душвор хоҳад буд. Аз ҷумла, кишварҳо бояд сиёсати шаффоф ва пешгӯишавандаи тарифиро роҳандозӣ намуда, ҳамзамон бо коҳиши тадриҷии субсидияҳо ҳифзи қишрҳои осебпазири аҳолиро таъмин кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз намунаҳои муваффақ дар ин самт барномаи байналмилалии Scaling Solar мебошад, ки ба Ӯзбекистон имкон дод музоядаҳои рақобатпазир ва шаффофро барои лоиҳаҳои энергетикии офтобӣ роҳандозӣ намояд, шартномаҳои стандартии сармоягузориро таҳия кунад ва сармояи хусусиро ҷалб созад.
Стефани Гил афзудааст, ки маҳз ба шарофати ин равиш Ӯзбекистон тавонист дар муддати кӯтоҳ ҳаҷми лоиҳаҳои энергетикиро ба таври назаррас афзоиш диҳад. Дар натиҷа, иқтидори насбшуда ва лоиҳаҳои нави дар марҳилаи музокирот қарордошта ба тақрибан 8 гигаватт расидааст.
Ба гуфтаи коршиносони ин ҳамоиш, барои гузариши муваффақ ба энергияи сабз дар Осиёи Марказӣ на танҳо сармоягузориҳои бузург, балки ҳамкории наздик ва ҳамгироии бештари кишварҳои минтақа низ аҳамияти ҳалкунанда дорад.




