Паҳнкунандаи силоҳи сард дар пойтахт дастгир шуд

Shared to Facebook

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз ошкор кардани як манбаъи бузурги паҳн ва фурӯши ашёҳое, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, хабар доданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, “сарчашма, яъне паҳнкунандаи предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дар натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии “Корд” аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян карда шуд”.

“Зимни санҷиш дар бозори “Корвон”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ошкор карда шуд, ки соҳибкори инфиродӣ Чилаев Зафар Пираҳмадович, соли таваллудаш 23.07.1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, ба фурӯши предметҳои халандаю бурранда машғул мебошад. Зимни азназаргузаронӣ аз фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди кордҳои гуногунтамға, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд”, — хабар дод манбаъ.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Чилаев Зафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шудааст.

Дар ин робита Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки милитсияи пойтахт ҷиҳати мубориза бар зидди амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мешаванд то пурра аз байн бардоштани ин омили номатлуб муборизаи беамон мебаранд.