Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд

Shared to Facebook Shared to Max

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон аз 18 то 21 май дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегарданд, хабар додааст Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон.

Барнома намояндагони фарҳанг, санъат, адабиёт ва кинои ду кишварро муттаҳид намуда, барои табодули фарҳангӣ ва муколамаи созандаи эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маросими ифтитоҳ 18 май дар Китобхонаи миллии ба номи А. Осмонов бо ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Турсунзода ва Айтматов: вассофони сулҳу дӯстӣ» баргузор мегардад.

Рӯйдоди марказии барнома маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд, ки 19 май дар Филармонияи миллии Қирғизистон ба номи Т. Сатилғанов двр шаҳри Бишкек бо иштироки ҳунармандони тоҷик баргузор мегардад.

Дар доираи барнома инчунин намоиши асарҳои рассомон ва намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бишкек баргузор мегардад.

Рӯзҳои фарҳанг 21 май дар Маркази фарҳангии «Руҳ-Ордо» дар шаҳри Чолпон-Ата ба анҷом мерасанд.

➡️Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон