Афзоиши терроризму экстремизм дар пасманзари ҳаводиси ВМКБ

Shared to Facebook

19 июл дар Вазорати корҳои дохилӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва дигар масъулон муҳимтарин ҳаводиси марбут ба фаъолияти Вазоратро дар ин нимсола шарҳ доданд.

 

Амалиёт дар Рӯшон чӣ гуна оғоз шуд?


Аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯъи нишасти матбуотии ВКД амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷиҳати боздошт ва ё безараргардонии аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ё саркардагони ин гуруҳҳо буд. Дар ин робита вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, амалиёт замоне сар шуд, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ камин гирифтанд ва гуруҳи зудамали “Алфа”-ро намонданд ба сӯи Хоруғ раҳсипор шавад.

“13 корманди “Алфа”-ро захмӣ ва ё нафари дигарро куштанд. Пас аз ин амалиётро сар кардем ва чандеро безарар ва чанди дигарро боздошт намудем”, — гуфт Вазир.

Ӯ дар мавриди нигаронии бархе созмонҳли ҳифзи ҳуқуқ гуфт, “амалиёт замоне оғоз шуд, мо ҳама чизро нишон додем ва барои ҳомиёни ҳуқуқ чизеро пинҳон накардаем”.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 18 май дар бораи оғози ин амалиёт хабар доданд.

 

“Афзоиши ҷиноятҳои марбут ба экстремизму терроризм ба ҳаводиси ВМКБ рабт дорад”

Дар баробари ин, гуфта шуд, бо вуҷуди он ки дар ин шашмоҳа аксари навъҳои ҷиноят коҳиш ёфтаанд, ҷиноятҳои марбут ба экстремизму терроризм зиёд шудаанд. Аммо ба гуфтаи Вазири корҳои дохилӣ, афзоиши ҷиноятҳои марбут ба экстремизму терроризм дар Тоҷикистон ба ғасби қудрат аз сӯйи ҳаракати радикалии толибон дар Афғонистон марбут набуда, асосан ба ҳаводиси моҳҳои май-июни имсол дар ВМКБ иртибот дорад:

“Мо ҳар чиро, ки дар дохили кишвар иттифоқ афтодааст, сабт кардаем. Он чиро, ки фаъолшавии гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аз таъсири вазъи Афғонистон бошад, мо ба қайд нагирифтаем”, — гуфт Раҳимзода.

Гуфта шуд, ин афзоиш асосан дар пайи амалиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки моҳҳои май ва июн иттифоқ гузаронида шуд, муайян гардид:

“Зимни ин амалиёт якчанд амалҳое, ки хусусияти экстремистӣ ва террористӣ доштанд, аз ҷониби гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ содир шуданд, аз сӯйи мақомот ошкор ва сабт гардиданд”, — изҳор дошт генерал Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, дар 6 моҳи гузашта 261 муттаҳам дар узвият ба созмонҳои террористиву экстремистӣ боздошт шудаанд. Аз онҳо 64 нафарашон ҷавон будаанд. Ҳамзамон 14 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 100 нафар дастгир шудаанд.

Дар ин давра 44 муттаҳам дар узвият ба созмонҳои экстремистиву террористӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, аз ҷумла, аз Русия 41 ва се нафари дигар аз Мисру Қазоқистон ва Туркия дастгир ва истирдод шудаанд.

Аз ин қабл Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода буд, ки мақомоти ҳфизи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ним соли сипаригардида 720 ҷинояти марбут ба терроризму экстремизмро ошкор ва ба қайд гирифтаанд. Ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 106 адад зиёд будааст.

 

3 ҳазор нафар ҷустуҷӯ мешаванд

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳоло 3000 шаҳрванди ҷумҳурӣ бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд.

Дар баробари ин, дар ним соли сипаришуда 109 муттаҳам дар узвият ба созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштирокчиёни ҷангҳо дар сафи созмонҳои террористӣ бо хоҳиши худ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шудаанд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2015 ба ин сӯ 792 муттаҳам дар узвият ба созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ширкаткунандагони амалиёти ҷангӣ ихтиёран ба Ватан баргаштаанд.

Ба ғайр аз ин, дар шаш моҳи соли равон 55 нафар гумонбар дар ҷиноят аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

 

Ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон: омори расмӣ

Бино ба маълумоти расмии Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаш моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 12 482 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 396 ҷиноят кам мебошад.

Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 8 316 ҷиноят ошкор карда шудааст.

Аз ҷумла, ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он — 22, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 64, таҷовуз ба номус — 16, савдои одамон — 8, роҳзанӣ — 21, ғоратгарӣ — 65, дуздӣ — 2858, қаллобӣ — 1144, авбошӣ — 544, тамаъҷӯӣ 20, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор — 223 ҳолат ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин давра аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1 447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва дастгир карда шудаанд.

Аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Ҳамчунин, 2 ҳазору 605 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда аз муомилот боз дошта шудааст.

Дар ин давра 431 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо ба қайд гирифта шудааст.

Аз тарафи ҷавонон ва ё бо иштироки онҳо 1 944 ҳолати ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 874 ҷиноят кам мебошад.

Дар 6 моҳи соли 2022 бар асари 482 ҳодисаи роҳу нақлиёт 180 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 472 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳодисаи сӯхтор кам мебошад. Дар натиҷаи ҳодисаҳои сӯхтор ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар фавтидаанд, ки аз инҳо 3 нафар ноболиғон мебошанд.