Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри ҷадвали эҳтимолии парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс, хабар дод, ки минбаъд дар як ҳафта байни кишварҳо беш аз 7 парвоз сурат мегирад.
Ба маълумоти Сафорат, мувофиқи қарори Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия, аз 27 август ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар ҷадвали нави реҷаи мунтазамро ташкил намуданд.
Тибқи ин ҷадвал, ширкати “ЮтЭйр” 31 август, 2, 4, 5 сентябр ва шурӯъ аз 7 сентябр ҳар рӯз якпарвозӣ аз Маскав (Внуково) ба Душанбе анҷом медиҳад. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 1, 3, 5, 6 сентябр ва шурӯъ аз 8 сентябр ҳар рӯз аз Душанбе ба Маскав (Внуково) ҳавопаймо парвоз мекунад.
Ҳамчунин, ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” аз 27 август ҳамарӯза аз Душанбе ба Маскав ва баръакс парвози мунтазам анҷом медиҳад. Аммо зикр шудааст, ки ҷадвали парвозҳои “Сомон Эйр” ба минтақаҳои дигари Русия мушаххас карда мешавад.
Дар баробари ин, ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” эълон кардааст, ки ҳар ҳафта ба 38 самт парвозҳои мустақим анҷом диҳад. Аз ҷумла, парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Санкт — Петербург, Екатеринбург, Жуковский, Қазон, Калуга, Краснодар, Красноярск, Липетск, Минералние Води, Налчик, Нижнекамск , Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростови лаби Дон, Самара, Уфа, Челябинск анҷом дода мешаванд. Аммо дар бораи вақт парвозҳои ин ширкат маълумот дода нашудааст.
Ширкати ҳавопаймоии “S7 Airlines” (Сибир) ба нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта дар 23 хатсайр парвозҳои мустақим дошта бошад. Аз ҷумла парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Астрахан, Барнаул, Владивосток, Волгоград, Воронеж, Иркутск, Кемерово, Краснодар, Нижний Новгород, Омск, Оренбург, Саратов, Тюмен, Челябинск пешбинӣ шудааст.
Дар бораи афзоиши парвозҳо аз 27 август байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия минаҳои моҳи август хабар дода шуд.
Афзоиши бамаротиби парвозҳои мунтазам ба Русия дар ҳолест, ки нархи чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ҳамоно гарон буда, дар нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе бо арзиши аз 5 то 6,5 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз имрӯз, 1 сентябр, вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Русия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди “QR-code”-и “Саёҳат бидуни COVID-19” манъ аст. Сафорат ҳушдор додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бояд бо доштани ин барномаи мобилӣ, ки сироят набудан ба коронавирусро тасдиқ кунанд сафар намоянд.