Намунаҳои нави сомонӣ ба муомилот мебарояд

Shared to Facebook

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд.

Пулҳои коғазии барориши соли 2021 бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2021 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” сурат гирифта, ҳадафаш таъмини иқтисодиёти кишвар бо нишонаҳои пулӣ арзёбӣ мешавад:

“Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500- сомонии намунаи соли 2021 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд”, — хабар дод бахши матбуоти БМТ.

Таъкид шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Тибқи намунаҳое, ки БМТ нашр кард, дар аксҳои болои пулҳои коғазии намунаи нав дида мешавад, танҳо дар номинали 100-сомонӣ ба ҷойи бинои пештараи Ҳукумати Тоҷикистон бинои “Кохи Наврӯз” ҷой дода шудааст.

Зимнан, пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуд.

Маълумот дар бораи барориши соли 2021-и сомонӣ дар ҳоле нашр шуд, ки бино ба хабарҳо, ахиран Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода бо Директори минтақаӣ оид ба савдои ширкати “Landgart AG” хонум Муриел Шулер ва намояндаи тиҷоратии ширкати мазкур Томас Ли масъалаи барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии онро баррасӣ кардааст.