Роман Скляр роҳбари маъмурияти Президенти Қазоқистон таъин гардид, хабар медиҳад «Садои Осиёи Марказӣ» (Голос Центральной Азии).
Фармони дахлдорро Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев имзо намуд. Скляр аз вазифаи қаблан ишғолнамудааш, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон озод карда шуд.
Бо фармони дигари Сарвари давлат, роҳбари собиқи Маъмурияти президент Айбек Дадебай бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Скляр 11 январи соли 2022 ба вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон таъин шуда буд. 3 апрели соли 2023 ӯ дубора ба ин вазифа таъин гардид. 5 феврали соли 2024 ӯ иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон таъин шуд. 6 феврали соли 2024 бо фармони Сарвари давлати Қазоқистон номбурда муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон таъин гардида буд.





