Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз Арманистону Озарбойҷон ба риояи тавофуқот

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 ноябр бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Дар ин гуфтугӯ, ки бо ташаббуси ҷониби Арманистон сурат гирифтааст, Пашинян ҳамчун Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъияти дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон баамаломада иттилоъ додааст:

“Зимни суҳбат Пешвои миллат даъват намуданд, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя карда, ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасл намоянд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Ёдрас мекунем, ки вазъият дар марзи миёни Озарбойҷон ва Арманистон рӯзи сешанбе башиддат бад шуд. Вазорати дифои Арманистон Бокуро ба кӯшиши убури марз муттаҳам кард ва Боку аз ҳамла ба мавқеъҳои Озарбойҷон хабар дод.

Вазорати дифои Арманистон эълом кард, ки 16 ноябр нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон дар самти марзи шарқии Арманистон “як иғвои навбатӣ” карда ва онҳо аз тӯпхона, мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳи оташфишон истифода намуданд. Ба гуфтаи Ереван, 15 низомии арман кушта ва 12 нафари дигар асир гирифта шудаанд.

Вазорати дифои Озарбойҷон, дар навбати худ, Ереванро дар иғвогарӣ муттаҳам кард. Ба гуфтаи Боку, воҳидҳои арманӣ рӯзи 16 ноябр бо истифода аз таҷҳизоти низомӣ ва махсус дар қитъаҳои марзии Калбаҷар ва Лочин “амалиёти ногаҳонии ҳарбӣ барои тасарруфи баландиҳо” оғоз карданд.

Ба гуфтаи вазорат, дар натиҷа ду низомии озарбойҷонӣ захмӣ шуданд. Дар бораи кушташудагон хабар дода нашудааст.

Вазорати дифои Русия гуфт, Озарбойҷон ва Арманистон дар пайи гуфтугӯҳои телефонии вазири дифои Русия амалиёти ҷангиро қатъ карданд.