Дар Олмон имконоти иқтисодӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Shared to Facebook

1 сентябр дар Берлин зарфиятҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд. Чорабинӣ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар бинои Сафорати кишвар дар Олмон бо ҳамкории созмони “Open International Dialogue” баргузор гардид.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, дар ин чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Имомудин Сатторов дар бораи рушди иқтисодии кишвар дар солҳои истиқлол, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва имконоти густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ маълумот дод.

Ҳамзамон, иштирокчиён бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва мероси таърихию фарҳангии кишвар шинос шуданд.

Президенти “Open International Dialogue” ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Кристиан Гроссе низ таассуроти худро аз сафараш ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо кишвар баён кард.

Дар анҷоми чорабинӣ масъалаи идомаи муколама ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд.