Соҳибистиқлолӣ ва зарурати истиқлоли фикрӣ

Shared to Facebook
Муҳаммад АБДУРАҲМОН
узви вобастаи АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ,
профессор

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша доранд, ки: “Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳилаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем,зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем”.

Дарвоқеъ, чунин андешаҳои Президенти кишвар боз як бори дигар моҳияти асосӣ ва зарурияти соҳибистиқлолии Ватан ва истиқлоли фикрии моро тақвият бахшида, тамоми мардуми Тоҷикистонро водор менамояд, ки дар раванди ҳифзу нигаҳдории ин арзизи бебаҳои миллӣ камари ҳиммат баста бошем.

Мавриди қайд аст, ки соҳибистиқлолӣ ин ҳолати устувори сохти ҷамъияте мебошад, ки шаҳрвандон ба монеаҳои дохилию хориҷӣ нигоҳ накарда, якпорчагӣ ва қобилияти худро барои рушду нумӯи кишвар нигоҳ дошта метавонанд. Маълум аст, ки давлате, ки ба истиқлоли хеш ва озодии шаҳрвандони худ эътибору эътироф надорад, ҳеҷ вақт ба ваҳдату саодатмандӣ муваффақ намегардад.

Умуман, аз рӯи мушоҳидаҳо бармеояд, ки эътибори давлати соҳибистиқлоле, ки дуру дарозамал мекунад, ин эҳтироми ашхосе мебошад, ки ин давлатро ташкил медиҳанд ва ин давлат манфиатҳои рушди ақлии онҳоро ба ҷуз аз чусту чолокии маъмурӣ, ки аз таҷриба ба вуҷуд меояд, ба чизи дигаре иваз карда наметавонад.

Дар баробари ин, масъалаи таносуби истиқлоли давлатӣ бо меъёри дахлнопазир будани сиёсати дохилии давлат низ хеле аҳамиятнок мебошад. Бояд тазаккур дод, ки истиқлол худмуайянкунии миллӣ ба таври сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад ва он барои нигоҳ доштани мавҷудияти худ, тарзи зисту зиндагӣ, забон, фарҳанг, арзишҳои ниёгон ва роҳи рушду инкишоф ва тақдири худ хизмат мерасонад.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳамон тавре, ки барои як фард эътимод ба нафс доштан лозим бошад, ӯ бояд дар амалу иродаву корҳо низ истиқлоли фикрӣ дошта бошад, худаш бояд соҳибихтиёри худ дар амали худ бошад. Истиқлоли фикрӣ, он аст, ки ҳар як фард аз худ фалсафа ва усуле дар зиндагӣ дошта бошад. Як ҷомеа ҳамон тавре ки лозим аст, истиқлоли сиёсӣ ва истиқлоли иқтисодӣ дошта бошад, бояд сиёсаташ дастнишонда ва иқтисодаш ниёзманд ба бегонагон набошад. Яъне лозим аст, ки аз лиҳози афкору ақида аз худ асосе дошта бошад.

Ҳамзамон, ақидаи худро бартар бидонад ва нисбат ба он ҳамоса ғурури фикрӣ дошта бошад ва аз ин ҷиҳат мутмаин бошад, фалсафае, ки ӯ дар зиндагӣ аз он пайравӣ мекунад, ин беҳтарин фалсафаи зиндагист.

Замоне, ки истиқлоли фикрӣ набошад, як рӯз пешниҳоди тағйири хату забон мешавад, як рӯз пешниҳоди таӯйири либос ва як рӯз тағйироти дигар. Пайравӣ аз мӯду либосу ғизо хӯрдани хориҷиҳо нишонаи нестии истиқлоли фикрӣ аст. Аҳамият надодан ба арзишҳои миллӣ ва пазируфтани шиорҳои бегонагон далел бар набудани истиқлоли фикрӣ аст.

Истиқлоли фикрӣ ин аст, ки касе, ки аз худ фалсафае дар зиндагӣ дорад, чаро аз дигарон кӯркӯрона пайравӣ кунад? Мо бояд имони қавӣ ва истиқлоли фикрии худамонро дошта бошем. Мо ба истиқлоли фикрии худамон дар фалсафаи куллӣ ва дар фалсафаи иҷтимоӣ боварии комил дорем. Мо фиқҳ, тафсир, фалсафа, ирфон, фалсафаи сиёсиву иҷтимоию иқтисодии мустақил дорем.

Ба андешаи мо, агар ҳармиллат аз фалсафаи зиндагии худ пайравӣ кунад, беҳтар аз он аст, ки ба дигарон тақлид кунад. Агар гӯед, ки ин фалсафа кӯҳна аст, не ин куҳна нест ва чуноне ки мегӯянд:

Куҳан ҷомаи хеш перостан,

Беҳ аз ҷомаи орият хостан.

Истиқлоли фикрӣ бо иқтибоси хубиҳои миллатҳои дигар фарқе надорад. Иқтибоси сифатҳои ахлоқи аз қабили сабр, муқовимат, озодагӣ ва ғайра, ки вазъи саодатмандонаи баъзе миллатҳоро зикр мекунад, асоси дурӣ ҷустан аз сифатҳои бад, пайравиҳои кӯркурона, фасодҳо ва ғайра мебошад

Хулоса, дар арафаи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз новобаста ба он, ки чӣ қадар назарияпардозону андешамандон таҳқиқотҳои зиёде ба анҷом расонидаанд, мо ба моҳияти истиқлоли фикрӣ эҳтирому эътибори хосса дорем.

Бояд гуфт, ки истиқлоли давлатӣ ҳамчун назарияи сиёсӣ барои миллати тоҷик ҳадафи бузурги таърихиест, ки ҳамеша эҳтиёҷ ба суботу амният дорад, ки он шарти аввали таъмини бақои умри миллат мебошад.