Аз Бадахшон то Кремл: пойи пиёда, бо муҳаббат ва барои озодии шавҳар

Shared to Facebook

“Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.

Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад”.

(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон)

 

Мухтасари ин қиссаи воқеӣ дар ҳамин рӯзҳои се сол қабл дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” нашр шуда буд. Бори дигар ёдовар шудан аз қаҳрамониҳои ин модар ва огоҳӣ ёфтан аз тафсилоти он чӣ ки даҳсолаҳо қабл рух доданд, лаззати дигар дорад.

 

****

Олим ва мутафаккири бузург Алфонос Де Ламартин гуфтааст: “Ҳар як оила як таърих аст ва барои аҳли фаҳм як достон аст”. Оре, на ба ҳар кас муяссар мегардад, то аз таърихи ибратомӯзу фаромӯшношудании хонаводае ба осонӣ огаҳӣ пайдо намояд, магар ба дӯстиву рафоқат ва ҳамгироии даст ба дасти ҳам. Зиндагии хонадони Термечиковҳо, ки аз аҳли Мурғоби баландкӯҳ ҳастанд ва бо лутфу инояти Худованди бузургу тавоно дар ин баландиҳои осмонбӯс байни мардумони гуногун, тавъам ба риштаи дӯстиву рафоқат зиндагӣ доранд, худ як таърих аст. Дар саргаҳи ин таърих зане аз овони наврасӣ оламу одамдида, ғаюру чусту чолок, дорои зеҳни тез, хотираи ғанӣ аз гузаштаву имрӯз — бибии меҳрубони 85-солаи соҳиби қариб 30 набера ва 15 абера Давлатбибӣ Термечикова дар ҳалқаи фарзандону пайвандонаш истодаву давлати пирӣ меронад.

Дар арафаи иди пуршукӯҳи модарон — Рӯзи модар хостем чун накҳати баҳорӣ, аз таърихи ин оилаи интернатсионалие қисса кунем. Ин буд, ки чун анъана ба ин хонадон роҳ пеш гирифтем.

Моро Давлатбибӣ бо фарзандону наберагону аберагон моро пешвоз гирифтанд. Расми хуби тоҷикӣ — кушодани дастурхон ва кашидани як пиёла чой ва омадан ба сари мақсад.

Дар воқеъ, бибӣ соҳиби табиати фавқулодаи суханварӣ бо чанд забон ҳастанд. Мо низ аз ин имконият истифода намудаву суолҳое пешашон гузоштем.

Дар ҳадисе хондаем, ки “Дар дунё чаҳор неъмат аст. Ба он шахсе, ки ин чаҳор неъмат насиб мегардад, дар дунёву охират хайр мебинад: забони зикркунанда, қалби шукркунанда, бадане, ки ба дарду ғам тоқат мекунад ва зани солеҳа”.

Бибӣ бо забони бурро ва лаҳни шево аз таърихи гузаштаву хонаводаи хеш чунон дилпурона суҳбат мекарданд, ки кас гумон мекунад қаҳрамонҳои филми мустанадеро дар саҳнаи синамо дида истода бошад…

Падарашон Абдулваҳҳоб Термечиков 12 сол дар корҳои роҳбарикунандаи ноҳияи Мурғоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — аз Раиси ҳукумати ноҳия то муовини сеюми Раиси Ҳукумати вилоят ифои вазифа кардаанд. Ҳамчунин, солҳои зиёд Депутати Совети Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҳавзаи Бадахшон буданд.

Модарашон Умринисо Омӯзгори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон буданд: 38 сол директори интернат дар ноҳияи Мурғоб буданд.

Ин хонаводаро чун хонаводаи интернатсионалӣ ҳам ном мебаранд.

Қаҳрамонамон аз зиндагии ширини якҷоя бо Ширинбек Бекмуродов (рӯҳаш шод бод) 9 фарзанд (6 писари 3 духтар) ба дунё оварданд. Ҳосили ин зиндагии пурфараҳ – наздик ба 50 набераву абера имрӯз даври бибиҷон парвонаанд:

“Ҳанӯз дар синфи чаҳорум таҳсил мекардам, ки ҳамроҳ бо Лола ном як ҳамсолам (ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд) дар яке аз аввалин Слёти пионерони Иттифоқи Советӣ дар шаҳри Маскав аз РСС Тоҷикистон иштирок кардем. Вақте 18-сола шудам, дар қатори 8 вакил аз РСС Тоҷикистон дар Анҷумани XIX Комитети марказии комсомол дар шаҳри Маскав ширкат варзидам”.

Давлатбибӣ Термечикова — вакил аз РСС Тоҷикистон дар Анҷумани XIX Комитети марказии комсомол дар шаҳри Маскав

Иштирок дар ин Анҷуман зинаи аввали ҷиддан машғул шудан ба корҳои ҷамъиятӣ гардид. Зеро вақте ки баъди баромади Котиби ВЛКСМ Шлепен ба Давлатбибӣ Термечикова навбати сухан доданд, мушкилеро ба миён гузошт, ки ҳамон вақт ҳам доғи рӯз буд:

“Дар суханрониям фаъолияти нокифоя ва камбудиҳои роҳбари комсомолони ноҳияи Мурғобро зери тозиёнаи танқид гирифтам. Гуфтам, ки роҳбари комсомоли ноҳия аз сиёсати Ҳизби коммунистӣ натарсида, духтараки 15-соларо ба занӣ гирифтааст. Ин мавзӯъи доғи рӯз, бахусус, дар шароити куҳистон буд”, — нақл мекунад ӯ.

Натиҷа ин шуда, ки Давлатбибӣ ҳанӯз аз шаҳри Маскав барнагашта, аллакай роҳбари комсомоли ноҳияро аз вазифа сабукдӯш карданд. Дар воқеъ, он замон танқид “доруи талх”-и мансабдорон буд.

Шавҳари Давлатбибӣ — Ширинбек Бекмуродов, ки дар 19-солагӣ хонадор шуданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шояд яке аз аввалин ҷавонони болаёқат ва забондон ба ҳисоб мерафт. Факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро бо дипломи сурх хатм кардаву бо роҳхат ба ноҳияи Мурғоб фиристода шуда буд. Ҳамин тавр, дар ноҳия нахустин устоди забони англисӣ гардидву ба толибилмон дарс гуфт:

“Ҳамон солҳо аз чӣ бошад, ки якбора соатҳои дарсии забони англисиро ихтисор ва ба ҷойи он соатҳои дарси форсиро зиёд карданд. Шавҳарам мегуфтанд, нисфи кураи Замин бо англисӣ муошират мекунанд. Донистани англисӣ барои ҷавонони тоҷик мисли обу ҳаво дар оянда зарур мешавад. Шавҳарам, агарчӣ, орзуҳои ширинашонро бо худ бурданд, то андозае ба он муваффақ гардиданд, ки ин забонро ба фарзандонамон омӯзонанд. Онҳо имрӯзҳо бо англисӣ озодона ҳарф мезананд ва ҳар кадоме соҳиби 1-2 дипломӣ буда, дар соҳаҳои гуногун пайи хидмати Модар-Ватан ҳастанд”.

 

****

Аммо дар зиндагии пурғановати ин хонадон низ пастиву костагиҳои рӯзгор кам набудаанд. Ҳодисае, ки соли 1943 бар сари оилаашон омад, то ҳанӯз фаромӯш нашудааст, ҳарчанд ба ёд оварданаш хеле дарднок аст…

Чун суҳбат сари ин мавзӯъ буд, бибӣ сукут ихтиёр карданд. Дар дили пур аз доғи зиндагии нобасомонаш гӯё тӯфоне бархост. Гузаштаи сахту сангини модари меҳрубону дилсӯзаш Умринисои далеру шуҷоъ, падари дар репрессияи сталинӣ азобу азиятдидааш Абдуваҳҳоб ва хоҳари номуроду ғуррамаргаш Розиямо як-як пеши чеҳрааш чун навори филм пайдо мешуданд. Дар чеҳраи бибӣ осори яъсу навмедии он солҳои вазнин ва даври чашмонаш қатраҳои ашк намудор гардиданд.

Бибӣ ду кафи даст ба рӯй кашидаву аз расидан ба ин рӯзҳои тинҷу осуда ва соҳибистиқлолии кишвар шукр гуфтанд. Мушоҳида намудем, ки бо кадом як нерӯи пинҳоне худро бо нақли ин ҳодиса омода намуданд. Қиссаи ғамангез, аммо шуниданист ва дар айни замон бозгӯи дили бузург ва қаҳрамонии як бонуи куҳистонии тоҷик аст:

“Ҳамон солҳо, ки падар дар хидмати давлатӣ буданд, яъне соли 1943, шабе мошини боркаше, ки он солҳо “американка” мегуфтанд, пур аз аскарон ба деҳа омад. Ҳамроҳашон як низомипӯши сари китфаш ситорачадор ҳам буд. Мошин дар пушти дари ҳавлиямон қарор гирифт. Онҳо “раис, раис”-гӯён садо бароварда, ба ҳавлӣ ворид шуданд. Аскарон тӯфанг доштанд… Чизе напурсидаву чизе нагуфта, падарамро ба “американка” савор карда бурданд…

Модарро то саҳар хоб набурд. Субҳи барвақт мо — фарзандонашро бӯсида, аз хоб бедор кард. Наҳорӣ доду насиҳатҳо кард ва худ пайи суроғи падар рафт.

Назди раиси вилоятии ҳизб, ки “Обкомпартия” мегуфтанд, даромада, пурсид, ки бо кадом сабаб шаб шавҳарашро аз хона ба самти номаълум бурданд? Раис ҷавоб дод, ки кормандони НКВД бесабаб ҳеҷ касро ба ҳеҷ куҷо намебаранд! Шояд шавҳаратон ягон гуноҳ дорад? Вақте модар боисрор талаб кард, ки падарамон бегуноҳ аст ва ӯро раҳо кунанд, ба ӯ дар “Обкомпартия” гуфтанд, ки ин қадар даъво накунад ва тарсониданд, ки дар акси ҳол, ҳам аз сафи ҳизб меронанд ва ҳам аз вазифа мегиранд. Модарам нотарсона гуфтанд, ба ман билети ҳизбиро шумоён надодаед, ки тарсонед. Барои дарёфти ҳақиқат, агар даркор шавад, ҳам билети ҳизбиро месупорам ва ҳам барои аз вазифа рафтан бо хоҳиши худ ариза менависам. Ва ҳам таъкидан гуфтааст, ба хотири ҷустуҷӯи ҳақиқат ва бегуноҳии шавҳараш, яъне падарамон, агар лозим ояд, то Кремл меравад.

Аз тарси думравони Берия ва НКВД-и ҳамонвақта раиси вилоятии ҳизб дар баргардондани падарам оҷиз монда, барои халосии ӯ аз дасташ коре намеояд. Модарам аз он ҷо ноумед баргашта, аммо бо ҳамин саргардонияш дар суроғи падарамон шурӯъ мегардад. Аз Бадахшон то Сталинобод ва аз он ҷо то Тошканд ва баъд то шаҳри Маскав қариб муддати як моҳ пиёдаву савора саргардон шуда меравад. Ба Кремл, ба Комитети марказии Ҳизби коммунистии Иттифоқи Советӣ рафта, дар қабулгоҳи Раиси Совети Вазирони СССР Михаил Калинин навбат мегирад.

Калинин модарамонро қабул кардаву модар тамоми ҳаёту фаъолияти гузаронидаи худу падарамон ва бо тӯҳмат дастгир ва бегуноҳ будани ӯро ҷасурона нақл карда медиҳад. Ҳамин тавр, бо заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии модар падарамон ба хона баргаштанд.

Ҳамон солҳо ҳамроҳи падарамон боз 35-нафари дигарро ҳам кормандони НКВД шабона аз ҷойи хобашон гирифта бурда буданд. Танҳо 7 нафари онҳо саломат ба Мурғоб баргаштанд.

Дар муддати се моҳи дар маҳбас будани падар ва талошҳои модар барои озодии ӯ, моро дар мактаб озори зиёди рӯҳӣ доданд. Мегуфтанд, ки падари инҳо “хоини Ватан” аст. Ҳеҷ кас ба мо рӯи хуш намедод. Маҷбур шудем, ки дигар ба мактаб нарафта, то бегуноҳии падар исбот шудан хонашин шавем…”

 

****

Аз ин ҳодиса солҳои зиёд гузаштанд, гӯё зиндагӣ ба маҷрояш баргашт. Аммо чархи рӯзгор ин хонаводаро боз ба ҳодисаи нохуштаре рӯ ба рӯ сохт. Ин бор дар фоҷиае дар Тошканд хоҳарашон Розияморо аз даст доданд:

“Розиямоҳ факултаи физика-математикаи Донишкадаи педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои Душанберо бо дипломи сурх ба итмом расонид. Ӯро баъди хатми Донишкада дар комитети комсомолии ноҳияи Мурғоб ба ҳайси котиб ба кор қабул карданд. Баъди як сол кордониву фаъолияти хуби ӯро ба назар гирифта, ба шаҳри Хоруғ даъват карданд ва котиби дуюми комитети комсомолии вилоят таъин намуданд. Соли 1974 хоҳарамон Розиямо Абдуваҳҳобоваро ба Пленуми Комитети марказии комсомоли умумииттифоқ ба шаҳри Маскав даъват намуданд. Баъди анҷоми кори Пленум, ҳангоми бозгашт ба Ватан, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар садамаи автомобилӣ ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расид. Иштирокчиёни Пленум аз 15 ҷумҳурии Шӯравӣ аз ин фоҷиа хабардор шуда, баъди як рӯзи ҳодиса дар ҳайати 3-4 нафарӣ бо тайёраи ЯК-40 барои видоъ ба шаҳри Хоруғ парвоз карданд…

Аз Розиямо ду фарзанд — Ҷамила ва Муҳаммадкарим ба ёдгор монданд. Онҳоро ба воя расонида, соҳиби маълумот ва хонаву дар кардам”.

“Ҳамин ҷо мехоҳам як нуктаи муҳимро зикр кунам. Бо фарзандону келинҳову набераву абераҳо ҳар рӯз телевизор тамошо мекунем. Мебинему мешунавем, ки оилаҳои ҷавон бо як амали ночиз хонавайрон мегарданд. Аз ин ниҳоят ранҷур мешавам. Саргузашти талхи модарам ба ёд меояд. Мепурсам, ки чаро духтарону ҷавонони имрӯз ин қадар дар зиндагӣ сабукфикрӣ мекунанд. Чаро сабр надоранд? Чаро аз пайи нафс ва ҳавою ҳавас мераванд ва зиндагии ободашонро бо ҳар баҳона вайрон мекунанд? Магар онҳо зиндагии дубораро аз нав эҳё карда метавонанд? Чаро аз гузаштаи модарону бибиҳои худ ибрат намегиранд? Ва ё чаро модарон садди роҳи вайроншавии зиндагии фарзандон намегарданд?

Ҳар қадар, ки пайи ҷустуҷӯи посух ба ин суолҳо меравам, ҳамон қадар бештар афсӯс мехӯрам, ки бо ин шароити зиндагӣ, сулҳу субот ва ободоние, ки дорем, чаро инсонҳо худшинос нестанд? Агар оилаву фарзандон не, пас чӣ чизе барояшон арзиши бештар дорад?

Ҳар сол дар арафаи Рӯзи модар махсус суханронии табрикии Пешвои миллат, Президенти кишварамон мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро мунтазир мешавам. Сарвари давлат бо чӣ қадар меҳрубониву муҳаббат дар бораи мо — модарони Тоҷикистон суханони нек мегӯянд. Чӣ қадар занону модаронро насиҳатҳои хуб мекунанд. Ба ҷавонон рӯ оварда мегӯянд, ба қадри модарони худ расед. “Модар ризо — Худо ризо”. Дар телевизион дидем, ки чӣ гуна ба модари худ илтифоту меҳрубонӣ мекунанд. Аз ин лаззат мебарам, руҳбаланд мегардам.

Ин рафтори Сардори давлат намунаи беҳтарини тарбия аст. Ҷавондухтарону ҷавонписарони мо бояд аз ин сабақи зиндагӣ гиранд. Шахсан, ман бо чунин Роҳбари давлат ифтихор мекунам ва хурсанд ҳастам”.

Давлатбибӣ Термечикова ва хонадони бузурги онҳоро дар вилоят ва ҷумҳурӣ хеле хуб мешиносанд. Фарзандонашон, ки ҳоло ҳар кадоме соҳиби обрӯву мақоми шоистаанд, бо модари худ фахр мекунанд. Ин хонавода дар рӯзгори намунавии худ дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро сармашқ қарор додаву аз ин руҳбаланд ҳастанд. Дар ин хонадон ҳамеша муҳаббату самимият гул мекунад.

 

Таҳияи

Муним Оламов

 

Бознашр аз рӯзномаи “ИмрӯзNews”