Фаромуз бо 25 кг “ҳашиш” дастгир шуд

Shared to Facebook

Раёсати Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Тоҷикистон дар ВМКБ як ҳолати интиқол ва фурӯши маводи нашъаовар дар ҳаҷми 25 кг-ро ошкор кардааст.

Зимни як амалиёти махсуси кормандони Агентӣ дар вилоят, рӯзи 12 май бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон сокини ноҳияи Шуғнони ин вилоят Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович, соли таваллудаш 1997 боздошт шудааст.

“Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияташ ба тафтишот номаълум, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ, хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор  ба миқдори махсусан калон даст задааст”, — хабар дод Раёсати Агентӣ.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков таалуқ дошт  50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфт гардидааст.

Муайян карда шудааст, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад.

Ба маъоумти мақомот, оид ба ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 289 қисми 3 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.