Замони пардохти пули мизоҷони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” эълон шуд

Shared to Facebook

Ояндаи наздик пардохти маблағи муштариёни ҳамакнун барҳамхӯрдаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” шурӯъ мегардад. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод.

Ба маълумоти Бонк, пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорони ин бонкҳо бо анҷоми 14 рӯз аз содир шудани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ дар бонк-агент сурат мегирад.

“Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба диққати пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мерасонад, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21000 сомонӣ аз ҳисоби Хазина пурра ҷуброн карда мешавад”, — хабар дод Бонки миллӣ.

Зикр мегардад, ки маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсуси дар ташкилоти қарзӣ таъиншуда, тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.

“Хазина тамоми имконият ва захираҳоро ҷиҳати пурра ва саривақт дар доираи андозаи муқарраршуда пардохт намудани маблағи ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дорад”, — омадааст дар маълумоти Хазина.

Тибқи маълумоти БМТ, баробари бозхонди иҷозатномаҳо, аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Агроинвестбонк” 86 фоизи пасандоздорон, яъне 23,7 ҳаз. нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 14 фоизи дигар пасандоздорон, яъне 4 ҳаз. нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бошад, 64 фоизи пасандоздорон, яъне 3,5 ҳаз. нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 36 фоизи дигарашон, яъне 2 ҳаз. нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд:

“Қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк (бонкҳо) аз ҷониби мудири (мудирони) махсус тибқи тартиби муқарраршуда ба мизоҷон пардохт карда мешаванд”, — таъкид кардааст Бонки миллӣ.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бо қабули қарори дахлдор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар онҳо мудир таъин намудааст. Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд.

Рӯзи 21 май Бонки миллии Тоҷикистон аз бозхонд шудани иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” хабар дод.

“Бо вуҷуди дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таҷдиди сохтор, ивази роҳбарият ва сармоякунонии пайдарпайи мустақим ва ғайримустақим ба ҶСК “Агроинвестбонк” солҳои 1992, 2003, 2010, 2012, 2016 (ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (с.2016) вазъи молиявии он (онҳо) беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк (бонкҳо), мутаассифона, таъмин нагардид”, — гуфта шудааст дар иттилоияи БМТ.

Зикр мегардад, ки фаъолияти молиявии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта, низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ, дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, риоя нагардидани принсипи баҳогузорӣ ва пешниҳоди раванди қарздиҳӣ ва бизнес-протсессҳо, фаъолияти номукаммали кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи аудит ва хавфҳо, кумитаи идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, кумитаи қарздиҳӣ ва ғайраҳо, мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз мавқеи бонки низомсоз ба ташкилотҳои қарзии ҳиссаашон дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гарданд.

“Бинобар сабабҳои овардашуда нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК “Агроинвестбонк” (ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”) торафт манфӣ арзёбӣ гардида, Бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд”, — омадааст дар иттилоияи БМТ.

Таъкид шудааст, ки дар баробари ин, зиёдшавии арзу шикоятҳо ба коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба ин бонкҳо ва дар умум, ба низоми бонкӣ сабаб шуда истодааст.

Бо назардошти ин омилҳо ва ғайри қобили пардохт гаштани ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатномаҳои ин бонкҳо қарорҳои худро қабул кардааст.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҷараёни барҳамдиҳии бонк на зиёдтар аз ду соли тақвимӣ муқаррар шуда, зимни зарурат суд метавонад муҳлати барҳамдиҳиро бо ду сол дароз кунад.

Ҳамакнун эълон шудааст, ки мизоҷони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” метавонанд барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як сол, дар дилхоҳ вақте ки ба онҳо муносиб аст, ба бонк-агент муроҷиат намоянд.