Иттиҳоди Аврупо аз буҳрони сунъии хӯрокворӣ чӣ манфиатдор аст?

Shared to Facebook

Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, ки ҳамин рӯзҳо бастаи нави таҳримҳоро ба зидди Русия тасдиқ кунад. Ин бастаи ҳаштуми таҳримҳо аз замони оғози амалиёти махсуси низомии Русия дар Украина хоҳад буд. Ҳанӯз маълум нест, ки таҳримҳои нав кадом бахшҳоро дар бар мегирад, аммо бино ба гузоришҳои қаблӣ, ин таҳримҳо дар робита ба чор минтақаи аз Украина ҷудошуда ҷорӣ мешавад, ки ҳафтаи гузашта ба Русия пайвастанд.

Ҳам эътирофи коршиносону сиёсатмадорони аврупоӣ ва ҳам таҳлилҳои иқтисодии ахиран нашршуда далолат мекунанд, ки таҳримҳои аз ин қабл ба зидди Русия ҷорикардаи Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, ба худи кишварҳои аврупоӣ дардисарҳои зиёд ба вуҷуд овардаанд. Аз ҷумла, буҳронҳои энергетикиву хӯрокворие, ки имрӯзҳо дар аксар кишварҳои аврупоӣ мушоҳида мешаванду таъсири ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ расонидаанд, бесобиқа унвон мешаванд ва боиси нигарониҳои ҷиддӣ шудаанд.

Яке аз пайомадҳои ҷиддии ин таҳримҳо агар бидуни гази русӣ мондани кишварҳои аврупоӣ бошад (чун Русия таъминкунандаи асосии Аврупо бо газ маҳсуб мешавад), пайомади дигар камҳосилӣ ва ё ҳадди ақал ба мушкилоти норасоии нуриҳои минералӣ ва калийдор мувоҷеҳ гардидани онҳост, ки дар навбати худ, буҳрони ғизоиро шиддат мебахшад.

Тибқи регламенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, дар чаҳорчӯби таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия воридот ва ҳамлу нақли нуриҳои калийдори русӣ ва баъзе навъҳои нуриҳои мураккаб, ки калийро дар бар мегиранд, манъ карда шудааст.

Дар тавзеҳоти Комиссияи Аврупо оид ба татбиқи ин муқаррарот гуфта шудааст, ки ин мамнӯъият бояд аз ҷониби ширкатҳои аврупоӣ ва байналмилалии бо сармояи ИА фаъолияткунанда, новобаста аз макони ниҳоии расидани ин молҳо риоя карда шавад. Ҳадафи аслии ин муқаррарот “маҳрум кардани Русия аз бозорҳои муҳими маҳсулоти худ” арзёбӣ шудааст.

Ба ҳамин монанд, Комиссияи Аврупо тавзеҳ медиҳад, ки ироаи хадамоти бима, брокерӣ, молӣ аз ҷониби ширкатҳои аврупоӣ ё ширкатҳои байналмилалии бо сармояи Иттиҳоди Аврупо фаъолияткунанда барои интиқоли (расонидан ва транзит) колоҳои таҳримшудаи Русия ба кишварҳои сеюм мамнӯъ аст.

Дар ҳамин ҳол, регламенти Шӯрои ИА пешбинӣ кардааст, ки ин гуна молҳо барои эҳтиёҷоти кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мусодира карда шаванд.

Ҳамзамон ба ин бузургтарин бонкҳои Русия таҳти таҳримҳои ИА қарор доранд, ки аз ҷумла бастани дороиҳо дар ИА ва ҷилавгирӣ аз ҳама гуна робита бо чунин бонкҳо ё аз системаи муросилоти молиявии SWIFT ҷудо карда шуданро дар назар дорад, ки дар навбати худ, интиқоли молиявиро барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ хеле мушкил мекунад. “ВТБ”, “ВЭБ.РФ”, “Новикомбанк”, “Открытие”, “Промсвязьбанк”, бонки “Россия”, “Сбер” ва “Совкомбанк” таҳти таҳримҳои ИА қарор доранд. “ВТБ”, “ВЭБ.РФ”, “Московский кредитный банк”, “Новикомбанк”, “Открытие”, “Промсвязьбанк”, “Россельхозбанк”, бонки “Россия”, “Сбер” ва “Совкомбанк” аз низоми муросилотии SWIFT ҷудо карда шудаанд.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба регламенти Шӯрои ИА, ҳар як кишвари узви Иттиҳод метавонад бо салоҳдиди худ барои истифодаи як қисми маблағҳои таҳти маҳдудият қарордошта, бонкҳои Русия ё додани маблағ ба онҳо иҷозат диҳад, агар ин ин кор барои харидан, фурӯхтан ё кашондани нуриҳои маъданӣ (аз ҷумла, берун аз ИА) зарур бошад. Аммо муомилот бо чунин бонкҳо ҳамоно мамнӯъ боқӣ мондааст.

Ба ғайр аз ин, мушкилоти логистикӣ мавҷуд аст. Регламенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ҳатто барои интиқол ё транзити нуриҳои минералии Русия, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маҳдуд карда нашудаанд, маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ мекунад. Вуруди киштиҳои Русия ба бандарҳо ва дарвозаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо манъ аст. Аммо, агар киштӣ нуриҳои “иҷозатдор”-ро кашонад, кишварҳои узви ИА салоҳияти додани иҷозат барои чунин дархостро доранд. Дархостҳо барои иҷозатнома бояд аз ҷониби ширкатҳои манфиатдор ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узв пешниҳод карда шаванд. Тибқи тавзеҳоти расмии Комиссияи Аврупо, масъулият барои риояи қонунҳои таҳримот ҳангоми вуруди киштӣ ба дӯши мамъмурияти бандарҳо аст, ки ин интиқоли ғизо ва нуриҳои Русияро тавассути бандарҳои Иттиҳоди Аврупо боз ҳам мушкилтар мекунад.

Илова бар ин, агар киштӣ ба бандари ИА ворид шавад, хатари ҳабси он (новобаста аз моли интиқолшуда) вуҷуд дорад, агар муайян карда шавад, ки киштӣ аз моликияти шахсе аст, ё дар назорати идорае аст, ки таҳти таҳрими “инфиродӣ”-и ИА қарор дорад.

Ҳамзамон ба ин, маҳдудиятҳо дар содироти нуриҳои Русия бо таҳримҳои “инфиродӣ” алайҳи саҳҳомон ва роҳбарияти ширкатҳои истеҳсолкунанда ва содиркунандаи нуриҳои русӣ Д.А.Мазепин (“Уралхим”), А.И. Мелниченко (“Еврохим”), А.А.Гурева (“Фосагро”), В.М.Кантор (“Акрон”) ва аъзои оилаи онҳо ҷорӣ карда шудаанд. Тибқи ислоҳот ба низомномаи Шӯрои ИА, тамоми дороиҳо ва захираҳои иқтисодӣ ва ё бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба онҳо тааллуқдошта дар ИА мунҷамид шудаанд.

Бо вуҷуди даст кашидани афроди зикршуда аз назорат бар ин ширкатҳо, ахиран онҳо дар содироти маҳсулоти худ ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Аз ҷумла, таҳримҳои “инфиродӣ” алайҳи раҳбарияти собиқи ширкатҳои “Еврохим” ва “Уралхим” ​​на танҳо ҳамчун асос барои “махдуд кардани” дороиҳои онҳо дар ИА, балки ҳамчун баҳона барои боздоштани амалиёти интиқол тавассути терминалҳои Эстония ва Латвия интиқоли ин маҳсулотро ба кишварҳои сеюм ғайриимкон мекунад.

Далелҳои болозикр баёнгари онанд, ки Иттиҳоди Аврупо бо ҷорӣ кардани таҳримҳо ба нуриҳои Русия ба сӯйи як буҳрони ҷиддии хӯрокворӣ қадам мезанад. Аммо мехоҳад ин буҳронро тавассути нуриҳое, ки ба кишварҳои сеюм пешбинӣ шудаанд, ҷуброн кунад. Ин “иқдом”-и Аврупо, қабл аз ҳама, ба кишварҳое зарба мезанад, ки ба умеди нуриҳо ва хӯроквории Русия ҳастанд. Аммо ин буҳрон, ки ба таври сунъӣ ба вуҷуд оварда шудааст, метавонад барои кулли ҷаҳон пайомадҳои хеле ногувор дошта бошад, ҳушдор медиҳанд коршиносон.

 

Довуд Исматӣ

ИмрӯзNews