Амрико қабули дархост барои раводидро дар тамоми ҷаҳон манъ кард

Shared to Facebook

Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп баррасии дархостҳо барои раводиди муҳоҷиратиро дар саросари ҷаҳон боздоштааст. Ба навиштаи Reuters, ин тасмим ба сиёсати сахтгиронаи нави ИМА дар масъалаи муҳоҷират вобаста аст.

Намояндаи Департаменти давлатии ИМА рӯзи 25 август гуфтааст, ки омӯзиши кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Амрико оғоз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷадвали кори ин намояндагиҳо бо дарназардошти омӯзишҳо тағйир дода мешавад.

Департаменти давлатӣ дар бораи муҳлат ва ҷузъиёти омӯзиш маълумоти бештар надодааст. Аммо гуфта мешавад, кормандони консулӣ бояд муайян кунанд, ки кадом довталабон метавонанд дар оянда ба кумакҳои давлатии ИМА вобаста шаванд.

Вашингтон ҳамчунин мехоҳад ҳамаи дархостҳои раводидро бодиққат ва бо тартиби ягона баррасӣ кунад.

Қаблан Financial Times хабар дода буд, ки мусоҳибаҳои баъзе довталабони раводиди муҳоҷиратӣ ба вақти дигар гузаронида шудаанд. Ба онҳо тавассути почтаи электронӣ хабар додаанд, ки санаи нави мусоҳиба баъдтар эълон мешавад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар сиёсати муҳоҷиратии Трампро танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ин сиёсат табъизомез буда, ҳуқуқи озодии баён ва ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаро маҳдуд мекунад.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин сиёсат барои ақаллиятҳои этникӣ дар ИМА муҳити ноамн ба вуҷуд овардаанд.

Маъмурияти Трамп инчунин гирифтани баъзе раводидҳои кориро душвортар кардааст. Барои як қатор раводидҳо пардохтҳои нави гарон ҷорӣ шудаанд, хабар медиҳад Reuters.

Трамп ҳамчунин маъракаи ихроҷи муҳоҷирон ва назорати сахттари муҳоҷиратро идома медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо раводид ва “грин-корт” бекор шуда, дархостҳо бо сабабҳои гуногун рад шудаанд. Аз ҷумла, мавқеи сиёсӣ ва иштирок дар эътирозҳои тарафдори Фаластин низ сабаби рад шудани баъзе дархостҳо шудааст.

Кохи Сафед ин ҳамаро “таҳкими амнияти дохилии ИМА” меномад.