“Толибон” овозхони маъруф Фавад Андаробиро куштанд

Shared to Facebook

Ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии “Толибон” ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз эълони манъи пахши мусиқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ овозхони маъруф афғон Фавад Андаробиро куштанд.

Собиқ вазири корҳои дохилии Афғонистон Масъуди Андаробӣ дар Твиттер дар бораи интиқоми “бераҳмона” нисбат ба овозхон, ки бо иҷрои мусиқӣ ва сурудҳои мардумӣ дар кишвар машҳур шудааст, хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Фавад Андаробӣ дар деҳаи Андароби вилояти Бағлон, дар наздикии водии Панҷшер, ки нерӯҳои муқовимат ҳукмронии “Толибон”-ро қабул надоранд, “бераҳмона кушта шудааст”.

“Даҳшати “Толибон” дар Андароб идома дорад. Имрӯз онҳо сарояндаи халқӣ Фавад Андаробиро, ки ба ин водӣ ва сокинони он шодӣ мебахшид, бераҳмона куштанд. Тавре ки ӯ дар ин ҷо суруд мехонд, “водии зебои мо… сарзамини аҷдодони мо…” ба бераҳмии “Толибон” итоат нахоҳад кард”, — навишт вазири собиқ.

Бино ба гузоришҳо, ҷангиён овозхонро аз хонааш дар рустои Кишнобод берун кашида, ба қатл расондаанд. Гуфта мешавад, Андаробӣ дар сурудҳои худ неруҳои муқовимат ба зидди “Толибон”-ро дастгирӣ мекард.

“Толибон” баъди ғасби Кобул иҷрои мусиқии оммавиро манъ карданд.