Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 118,6 миллион сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,2 миллион сомонӣ ё 16 фоиз бештар мебошад. Дар ин бора 12 август раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи раиси вилоят, шумораи корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дар ВМКБ низ афзоиш ёфта, аз 191 адад дар аввали сол ба 207 адад расидааст. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 25 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, дар онҳо 105 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Дар айни замон, гуфта шуд, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шумораи чунин корхонаҳо боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввал ба буҷети ВМКБ 154 миллион сомонӣ ворид шудааст, дар ҳоле ки нақша 153,7 миллион сомонӣ буд. Ҳамин тариқ, нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2 фоиз иҷро шудааст.
Аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ нақшаи буҷет 100,1 фоиз таъмин гардидааст.
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 низоми бонкии вилоят ба аҳолӣ ва субъектҳои иқтисодӣ ба маблағи 215,2 миллион сомонӣ қарз додааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,1 миллион сомонӣ ё 38 фоиз бештар будааст.
Ҳамзамон, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ба 650,3 миллион сомонӣ расидааст. Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 104,2 миллион сомонӣ ё 19,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 1 июли соли 2026 ба 299,2 миллион сомонӣ расидааст. Тибқи маълумоти мақомоти вилоят, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 фоиз зиёд аст.
Дар нишаст ҳамчунин рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, инчунин масъалаҳои вобаста ба занон ва ҷавонон баррасӣ шуданд.




