COVID-19 дар Тоҷикистон: Сироятёбӣ ба 6 ҳазор наздик шуд

Shared to Facebook

Шумораи сироятёфтагони коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба 5900 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи манбаъ, то 29 июн дар ҷумҳурӣ 4506 (76,3{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}) нафар аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд:

“Шабонарӯзи охир 264 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”,-омадааст дар маълумотнома Вазорат.