Гардиши савдои Тоҷикистону Қазоқистон дар шаш моҳ ба 770 миллион доллар расидааст

Shared to Facebook

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 770,1 миллион доллар расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 192,1 миллион доллар ё 33,2 дарсад бештар аст. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти манбаъ, Қазоқистон пас аз Чин ва Русия ба сеюмин шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2026 тақрибан 6,82 миллиард долларро ташкил додааст.

Дар нимсолаи аввал Тоҷикистон аз Қазоқистон ба маблағи 712,9 миллион доллар молу маҳсулот ворид кардааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридот 538,4 миллион доллар буд. Ҳамин тавр, воридот аз Қазоқистон 32,4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон, содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Қазоқистон афзудааст. Агар дар шаш моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми содирот 39,7 миллион долларро ташкил дода бошад, дар ҳамин давраи соли ҷорӣ он ба 57,2 миллион доллар расидааст. Ин ба маънои 44,3 дарсад афзоиш ёфтани содирот аст.

Тибқи омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 13,6 дарсади тамоми воридоти Тоҷикистон ба Қазоқистон рост омада, ҳиссаи ин кишвар дар содироти Тоҷикистон 3,6 дарсадро ташкил медиҳад.