Парки ҳавопаймоии ширкати “Сомон Эйр” бо аввалин ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX пурра шуд. Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои нав ба ифтихори донишманди барҷастаи тоҷик, файласуф ва табиби маъруфи асрҳои миёна Абӯалӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст.






Ба гуфтаи масъулини авиатсияи тоҷик, ворид шудани ин ҳавопаймо барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, тавсеаи шабакаи хатсайрҳои байналмилалӣ, афзоиши шумораи парвозҳо ва беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон мусоидат хоҳад кард.
Тибқи нақша, Boeing 737-8 MAX нахуст дар хатсайрҳои байналмилалии Душанбе – Сеул, Душанбе – Пекин, Душанбе – Минск ва Душанбе – Лондон парвоз мекунад. Дар оянда он дар дигар самтҳо низ истифода хоҳад шуд.
Ҳамчунин, то охири моҳи августи соли ҷорӣ ширкати “Сомон Эйр” боз як ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX қабул мекунад.
Ба гуфтаи Агентии авиатсияи гражданӣ, ворид шудани ҳавопаймоҳои нав дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди авиатсияи граждании Тоҷикистон ва сиёсати “Осмони кушод” сурат гирифта, имкониятҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ ва тавсеаи хатсайрҳои байналмилалиро боз ҳам бештар хоҳад кард.




