COVID-19 дар Тоҷикистон: 54 ҳолати нави сироятёбӣ

Shared to Facebook

Бо сабти 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус COVID-19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди мубталошудагони ин вирус дар Тоҷикистон ба 5954 нафар расидааст.

Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ маълумот дод.

Бино ба омори Вазорат, то 30 июн 4568 (76,7{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}) нафар сироятёфтагони ин беморӣ шифо ёфта, 52 нафар фавтидаанд.

“Ҳоло 256 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 62 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, — омадааст дар маълумоти манбаъ.

Бино ба охирин маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, то ҳол дар ҷаҳон 10,4 млн ҳолати сироятёбӣ ва 509 ҳазор ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. 5,79 млн нафар шифо ёфтаанд.

Шабонарӯзи гузашта танҳо дар се кишвар – ИМА, Бразилия ва Ҳиндустон беш аз 100 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ сабт гардидааст.