Дар Созмони Милали Муттаҳид раванди интихоби Дабири кулли нави ин созмон оғоз шудааст. Барои ишғоли ин мақом дар 5 соли оянда шаш номзад рақобат мекунанд. Ваколати Антониу Гутерриш 31 декабри соли 2026 ба анҷом мерасад.
Ба рӯйхати расмии номзадҳо инҳо шомиланд:
- Рафаэл Гроссӣ (Аргентина) – мудири кулли феълии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ);
- Мишел Бачелет (Чили) – президенти пешини Чили ва собиқ Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон;
- Ребека Гринспан (Коста-Рика) – роҳбари Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд (UNCTAD) ва ноиби президенти собиқи Коста-Рика;
- Макӣ Салл (Сенегал) – президенти собиқи Сенегал;
- Мария Фернанда Эспиноса (Эквадор) – собиқ вазири корҳои хориҷии Эквадор ва раиси пешини Маҷмаи умумии СММ;
- Каролин Родригес-Биркетт (Гайана) – намояндаи доимии Гайана дар СММ ва собиқ вазири корҳои хориҷии ин кишвар.
Яке аз хусусиятҳои асосии интихоботи имсола ин аст, ки чор нафар аз шаш номзад зан мебошанд. Роҳбарияти СММ қаблан борҳо изҳор дошта буд, ки вақти он расидааст, ки барои нахустин бор дар таърихи созмон як зан Дабири кулли СММ интихоб шавад.
Ҳамчунин, панҷ номзад аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб мебошанд. Тибқи анъанаи ғайрирасмии СММ, дар ин давраи интихобот навбат ба намояндаи ҳамин минтақа расидааст.
Аввалин овоздиҳии ғайрирасмии Шӯрои Амнияти СММ 30 июли соли 2026 баргузор мешавад. Агар дар даври аввал ҳеҷ яке аз номзадҳо дастгирии кофӣ пайдо накунад, овоздиҳиҳои минбаъда баргузор хоҳанд шуд. Ин раванд метавонад чанд ҳафта ё ҳатто чанд моҳ идома ёбад. Масалан, дар интихоботи соли 2016 барои муайян кардани ғолиб шаш даври овоздиҳӣ лозим шуда буд.
Номзад бояд на камтар аз 9 овозро аз 15 узви Шӯрои Амният ба даст оварда, ҳамзамон бо ветои ҳеҷ кадоме аз панҷ узви доимӣ – Русия, ИМА, Чин, Британияи Кабир ва Фаронса рӯбарӯ нашавад.
Пас аз интихоби номзад аз ҷониби Шӯрои Амният, номзадии ӯ барои тасдиқи ниҳоӣ ба Маҷмаи умумии СММ пешниҳод мешавад. Одатан ин марҳила хусусияти расмӣ дорад.
Дабири кулли нави Созмони Милали Муттаҳид 1 январи соли 2027 расман ба иҷрои вазифа оғоз мекунад.




