Оянда аз они Фаластин аст

Shared to Facebook

Дувуми ноябр яксаду шашумин солгарди судури эъломияи шум ва нангини Артур Ҷемз Болфур, вазири хориҷаи вақти Инглистон аст. Матни кӯтоҳе, ки пайомадҳои фоҷиаборе чун ишғоли Фаластин ва шаклгири режими сохта ва опортоиди саҳюнистӣ, қатли оми фаластиниҳо, наслкушии занон ва кӯдакон, ихроҷи сокинони асили Фаластин аз сарзамини падарон ва аҷдодияшон, мусодира заминҳои онон ва…ро ба ҳамроҳ доштааст.

Ин эъломияи шуму наҳс муқаддимаи шаклгирии ғуддаи саратонӣ ва номшруъе дар минтақаи ғарби Осиё гардида, ки ҳанӯз баъд аз наздик ба ҳаштод сол авоқиби он домангири мардуми минтақа ва Фаластин аст. Саҳюнистҳо бо кумаки падархондаҳои англосаксонии худ ва бо такя бар таърихсозӣ ва мазлумнамоӣ, ҷуғрофияи минтақаи Осиёи ғарбиро бо буҳрон мувоҷеҳ кардаанд.

Имрӯз, ки бедорӣ ва муқовамати мардуми Фаластин, авҷи бераҳмӣ ва наслкушии саҳюнистҳоро пеши чашми ҷаҳониён қарор додааст, маҷоли муносибе аст, то рӯзи судури эъломияи Болфурро бозхонӣ кунем, то абъоди ранҷу мусибати соли 1948-ро бештар дарёбем.

Эъломияи Болфур ҳамдилӣ ва ҳамдардии инглисро бо хостаҳо ва орзуҳои саҳюнисми байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси ба истилоҳ ватани миллии саҳюнисм дар Фаластин эълом медорад. Ин эъломия, ки дар соли 1917 ва дар миёнаи Ҷанги ҷаҳонии аввал мунташир гардид, дар шароите эълом шуд, ки наздик ба бисту як сол то шурӯъи Ҷанги ҷаҳонии дувум ва иддаои наслкушии яҳудиён тавассути олмониҳо фосила дорад ва зоҳиран Биритониё ва руфақои саҳюнистии онон ба хубӣ аз ончи мехост дар ду даҳаи баъд иттифоқ биафтад, иттилоъ ва огоҳии кофӣ доштаанд!

Ҳузури саҳюнистҳо дар сарзамини муқаддас бар ду ривояти хадшадоршуда ва сохтаи таърихӣ устувор шудааст; ривояти нахуст он аст, ки дар китоби муқаддаси яҳудиён, ин сарзамин ба онҳо (бихонед саҳюнистҳо) ваъда дода шудааст ва дувумин ривоят; иддаои куштор ва наслкушии яҳудиён тавассути олмониҳо дар аснои Ҷанги ҷаҳонии дувум милок ва мадди назари онҳо қарор гирифтааст. Ин ду ривоят ва хусусан мавриди дувум мабное барои гусел доштани сайли бузурге аз яҳудиён ба сӯи сарзамини Фаластин ва муқаддимае барои ишғол ва вайронии ин сарзамин шуд, ки то кунун низ идома дорад.

Ҷолиб ва ғамангезтар ин ки се сол баъд аз судури эъломияи Болфур ва дар тавофуқоти фотиҳони Ҷанги ҷаҳонии аввал, идораи сарзамини муқаддаси Фаластин ба Бритониё вогузор мешавад ва ваъдаи Болфур ба саҳюнистҳо заминаи амалӣ пайдо мекунад. Содаандешона аст, агар бовар кунем, ки ин мавридҳо сирфан бар мабнои як тасодуф будааст. Сарзамини Фаластин барои ҳазорон соли сокинони аҳли фарҳанг, саноат, зироъат ва албатта, диёнат доштааст, ки инглисҳо дар эъломияе онро ба саҳюнистҳо мебахшанд! Дар тӯли умри номшруъи ин режими ишғолгар, опортоид ва кӯдаккуш, давлатҳои ғарбӣ ҳамвора саъйи фарвон дар қалби воқеият ва таъвизи ҷойгоҳи мазлум ва золим доштаанд. Саҳюнистҳо ҳамвора дасти боз дар ҷинояти бемукофот ва бозхост дошта ва ҳар гоҳ садое аз гулӯйе ҳаққхоҳ дар дифоъ аз Фаластин бархостааст, фарёди яҳудситезӣ сар додаанд.

Ахиран ва пас аз амалиёти “Тӯфон ул – Ақсо” бори дигар ҳомиён ва доягони режими саҳюнистӣ ба майдон омада ва бо алфози пуртумтароқ саъй дар ворунанамоии ҳақиқат ва таҷҳизу ташҷиъи ин режими сохта дошта ва доранд. Вазифае, ки пештар бар ӯҳдаи Англис қарор дошт, пас аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум ва қудратгирии Америка дар низоми байналмилалӣ ба ин кишвар мунтақил шуд.

Ҳимоятҳои беқайду шарти Америка ва Инглис аз режими саҳюнистӣ омили аслии шикастҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар ҳақ гирифтани ҳуқуқи фаластиниҳо буда ва ветои 45 қатъномаи ин Шӯро, ки охирини он ахиран рӯй дод ва тайи он Америка на танҳо бо ҳар гуна таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза мухолифат кард, балки ҳатто ҳозир нашуд ба як қатъномаи башардӯстона раъйи номумкин бидиҳад!

Америка дар носозгории ошкор бо иддаоҳои риёкоронаи худ дар хусуси ҳуқуқи башар ба қатъномае, ки барои кушоиши масири кумак ба ғайринизомиён дар Ғазза тадвин шуда буд, раъйи мухолиф дод, то ҳимояти худ аз ҷиноёти ҷангӣ дар ҳоли иртикоб дар бахши Ғаззаро беш аз пеш намоён созад. Возеҳ аст, ки ин иқдом мисдоқи айнӣ дар пушти по задани Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба усули аввалияи инсонӣ ва ҳуқуқи байналмилали талаққӣ хоҳад шуд. Нукта дар он аст, ки ин режими сохта алорағми солҳои доягӣ ва кафолати Бритониё ва пас аз он Иёлоти Муттаҳида ба сони тифли номашруъе аст, ки тавони истодан бар зонувони хешро надорад ва барои тадовуми ҳаёти нангинаш ҳамвора бояд ба танаффуси маснуъӣ мутакӣ бошад. Бетардид оянда аз они Фаластин аст.

Доктор Ҳусейн АМИРАБДУЛОҲИЁН,

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон