Марзбонони қирғиз манзили сокини Исфараро тирборон карданд

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳри Исфара, марзбонони қирғиз шаби 22 ба 23-уми декабр ба хонаи як сокини деҳаи Сомониёни ин шаҳр тир холӣ кардаанд. Дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара гуфт, хонаи Муҳаммадҷон Довудов соати 22:00-и шаб мавриди тирпаронӣ қарор гирифт:

“Шаби 22 декабри соли равон, тахминан соатҳои 22:00, хонаи истиқоматии сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шахри Исфара Довудов Муҳаммадҷон мавриди тирпарони қарор гирифт. Дар натиҷаи тирпаронӣ оинаҳои хонаи истиқоматии ӯ шикаста, тир то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдааст. Ягон ҷароҳат ба соҳибхона нарасидааст”, — шарҳ дод ҳодисаро сухангӯи шаҳрдори Исфара Зубайдулло Шомадов.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки Муҳаммадҷон Довудов аз тарафи қирғизҳо азият мебинад ва ба молу амволаш зарар мерасад: тахминан ду ҳафта пештар якчанд гови ин сокини деҳаи Сомониён аз ҷониби қирғизҳо рабуда шуда буд. Танҳо баъди дахолат говҳо баргардонида шудаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар муноқишаи охири моҳи апрели имсол низ хонаи ин сокини Сомониён аз ҷониби сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон оташ зада шуда, пурра вайрон шуда буд. Баъдан мақомот хонаи ӯро аз нав сохтанд.

Дар як ҳафтаи охир ин маротибаи сеюм аст, ки аз муноқиша дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода мешавад. Бино ба хабарҳо, зуҳри 22 декабр дар сарҳади миёни ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон тирпаронӣ рух дод.

17 декабр Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз сохтмони ғайриқонунӣ аз сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон ва пешгирии ҳамлаи шаҳрвандони ин кишвар ба марзбонони тоҷик хабар дод:

“Сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ доир намуд. Аммо, зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Ҷумҳурии Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд. Чун дар ҳолатҳои қаблӣ бо ба роҳ андохтани иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карданд ва бо ин ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд”, — гуфта мешуд дар изҳороти ин ниҳод.

Сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҚС Тоҷикистон вазъиятро дуруст арзёбӣ намуда, бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ бо риояи қатъии талаботи муқаррарнамудаи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ карда ва издиҳоми хашмгинро боздоштааст.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, айни замон вазъ дар минтақаҳое, ки ҳодисаҳои болозикр рух доданд, муътадил аст.