Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 июн, дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъйиноти кадрӣ амалӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи миллии илмҳо, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон анҷом дода шуд.
Гуфта мешавад, ба вазифаҳои муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи андоз, муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якум ва муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Намояндаи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону корозмуда таъин гардиданд.
Ҳамин рӯз Сарвари давлат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, зимни суҳбат онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлати Тоқикистон, мунтазам баланд бардоштани донишу малакаи худ дар кори роҳбарӣ, омӯзиши амиқи забони давллатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намудаанд.
Таъкид гардидааст, ки ба раванди тезондани рақамикунонӣ ва истифодаи босамару бехатар аз зеҳни сунъӣ ва беҳсозию кору муомила бо сармоягузорону соҳибкорон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба беҳсозии сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва омода кардани кадрҳои ба талаботи замон мувофиқ дода шудаанд.




