Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 октябр, дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетика, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Тоҷикистон оид ба самти рақамикунонӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намудаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод.
Аз ҷумла, бо фармони Президент, Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардидааст.
Ҳамчунин, афроди зерин ба вазифаҳои муовинони нав дар ниҳодҳои зер таъин шудаанд:
Сарвина Ҳакимиён – муовини вазири адлия;
Сӯҳроб Қудратзод ва Мирзо Исмоилзода – муовини вазири рушди иқтисод ва савдо;
Абубакр Асадуллозода – муовини вазири молия;
Парвиз Латифзода – муовини вазири маориф ва илм;
Умед Исмоилзода – муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон;
Аҳлиддин Зиёвуддинзода – муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ;
Рустам Назарзода – муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
Давлатмурод Муродзода – муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ;
Абдулмаҷид Юсуфзода – муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ;
Муҳаммад Одиназода – муовини директори Агентии назорати давлатии энергетика.
Инчунин, бо қарори Ҳукумат Мусо Сайдаҳмадзода директори Сандуқ (Фонд)-и кафолати қарзҳо таъин шудааст.
Бо амри Президент Расул Маъруфӣ ба ҷойи Мумин Шарифзода, ки бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод гардидааст, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ таъин шудааст.
Саймудин Ризозода муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” таъин шудааст.
Бо қарори Ҳукумат Фарҳод Восидиён бо сабаби гузашта ба кори дигар аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кадрҳои навтаъинро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтаанд.
Таъкид гардид, ки муовинон – сарпарастони соҳаи рақамикунонӣ дар самти ворид намудани технологияи муосир ва пайвастан ба низоми идораи электронии раванди кору истеҳсолот дар муҳлатҳои кутоҳтарин тадбирҳои мушаххас андешида мутахассисони дорои таҷрибаи кор бо технологияи иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷиро ба кор ҷалб ва тарбия намоянд.
Пешниҳодҳои Президент мутобиқи қисми 1 моддаи 57-и Конститутсияи Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар”, “Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ” ва “Дар бораи аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Хидирзода Махфират Умар, Шодмонбек Юсуфбек Рустамбек, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Азизӣ Муистон Бердизода бинобар ба охир расидани муҳлати ваколат” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ирсол гардидааст.
Ҳамзамон пешниҳодҳои Президент “Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Зариф Ализода”, “Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Ҷамшед Ҳамро” ва “Дар бораи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудаанд.
Сарвари давлат зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дар соҳаҳои худ ва муомилаи шоиста бо шаҳрвандон ҳидоят намудаанд.





