Тоҷикистон ва Эрон тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориҳои саноатиро тақвият бахшида, таваҷҷуҳи асосиро ба лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва технологӣ равона созанд. Ин мавзӯъ зимни мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон Сайид Муҳаммад Атабак дар ҳошияи IV Машварати вазирони саноати кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуд, баррасӣ гардидааст.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои муҳиме, чун саноати сабук (нассоҷӣ), металлургия ва коркарди маъданҳои фоиданок, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, фармасевтика ва биотехнология, саноати кимиё ва коркарди ангишт баррасӣ карданд.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки муносибатҳои саноатии ду кишвар ба сатҳи комилан нав баромада, аз тиҷорати анъанавӣ ба сӯи ҳамгироии амиқи истеҳсолӣ ва технологӣ ҳаракат мекунанд.
Ба иҷрои “Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2027” таваҷҷҳуи махсус дода шуд. Зикр гардидааст, ки яке аз лоиҳаҳои калидӣ таъсиси кластерҳои нассоҷӣ дар заминаи пахтаи тоҷикӣ бо истифода аз технологияҳои муосири эронӣ мебошад. Ба гуфтаи ҷонибҳо, ин иқдом имкон медиҳад, ки сатҳи коркарди ашёи хом дар дохили кишвар баланд бардошта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо арзиши баланди иловагӣ афзоиш ёбад.
Вазирон инчунин масъалаҳои рушди зерсохторҳои логистикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла истифода аз зеҳни сунъӣ (AI)-ро дар равандҳои идоракунии корхонаҳои саноатӣ баррасӣ кардаанд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи шарикии саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ таъйид намуданд.




