Тоҷикистон ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо ИА ва кишварҳои узви он манфиатдор аст

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 июн, Вазири корҳои хориҷии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтаанд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Президент гуфтаанд, Тоҷикистон ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он манфиатдор аст.

Зимнан, алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб иброз гардидааст.

Ҳамчунин, таъкид карда шудааст, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкориро бо  Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад ва манфиатдор аст, ки рӯзномаи ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёбад.

Аҳаммияти пешбурди минбаъдаи муколамаи доимии сиёсӣ ва ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Кипр дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ, бахусус СММ, аз ҷумла дар масоили обу иқлим, таъкид гардидааст.

Масоили ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат будааст.