Қирғизистон аввалин бор дар таърихи худ ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) интихоб гардид. Ин қарор дар ҷараёни интихоботи аъзои ғайридоимии Шӯрои Амният барои солҳои 2027-2028, ки субҳи чоршанбе, 3 июн, дар Маҷмаи умумии СММ баргузор шуд, қабул гардид.
Дар даври чоруми овоздиҳӣ Қирғизистон 142 раъй ба даст оварда, аз Филиппин, ки низ барои ҷойи ягона аз гуруҳи кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором рақобат мекард, пеш гузашт.
Тибқи натиҷаҳои интихобот, инчунин Австрия ва Португалия аз гурӯҳи кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва дигар давлатҳо, Тринидад ва Тобаго аз гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб, инчунин Зимбабве аз гурӯҳи давлатҳои Африқо ба ҳайати Шӯрои Амният шомил шуданд.
Барои интихоб шудан ба узвияти Шӯрои Амният кишварҳо бояд ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи овозҳои давлатҳои узви СММ, яъне 127 овозро ба даст меоварданд.
Шӯрои Амнияти СММ аз 15 давлат иборат аст. Панҷ кишвари доимӣ – Британияи Кабир, Чин, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Фаронса, ки дорои ҳаққи вето мебошанд. Даҳ узви дигар барои муҳлати дусола интихоб мегарданд.
Дар охири соли 2026 ваколати панҷ узви ғайридоимӣ – Юнон, Дания, Покистон, Панама ва Сомалӣ ба анҷом мерасад ва ҷойи онҳоро кишварҳои тозаинтихоб ишғол хоҳанд кард.
Шӯрои Амният мақоми асосии СММ дар таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар ҳолатҳои муайян ин ниҳод метавонад барои ҳифзи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ таҳримҳо ҷорӣ намояд, ё ҳатто истифодаи нерӯро иҷозат диҳад.
Интихоби Қирғизистон ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амният як дастоварди муҳими дипломатӣ барои ин кишвари Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад ва имкони бештареро барои иштироки фаъол дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ фароҳам меорад.




