Банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ, ки ба муносибати 25-солагии пули миллӣ — сомонӣ ба муомилот бароварда шудааст, ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии International Association of Currency Affairs (IACA) — 2026 дар номинатсияи «Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ» ворид гардид, иттилоъ додааст Бонки миллии Тоҷикистон.
Озмуни мазкур ҳамасола беҳтарин намунаҳои пулро аз рӯи тарҳ, технологияҳои муҳофизатӣ ва навоварӣ муайян менамояд. Шомил гардидани банкнотаи тоҷикӣ ба рӯйхати ғолибон нишонаи эътирофи байналмилалӣ ва мутобиқати он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Банкнотаи ҷашнӣ дорои тарҳи миллӣ, унсурҳои муосири муҳофизатӣ ва сифати баланди полиграфӣ буда, таърихи давлатдорӣ ва рушди низоми молиявии кишварро инъикос мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 2 декабри соли 2025 банкнотаи ҷашнии 100-сомонӣ дар доираи Конфронси байналмилалии High Security Printing дар шаҳри Куала-Лумпур низ ба дарёфти ҷоизаи байналмилалӣ мушарраф гардида буд.






