29 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии “Артел Авесто Электроникс” ба истифода дода шуд. Бино ба гузориши АМИТ “Ховар”, дар маросими ифтитоҳи корхона Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов иштирок карданд.
Ёдрас мекунем, ки зимни сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон дар моҳи августи соли 2018 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли техникаи маишии “Артел” шинос гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти мазкур дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар идома байни ширкатҳои “Авесто Гурӯҳ” ва “Artel Engineering and Management” ҷиҳати муайян намудани иқдомҳои минбаъда гуфтушунидҳо доир гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт мувофиқа ҳосил гардид. Дар натиҷаи музокираҳо ҷонибҳо барои таъсиси корхонаи муштарак тафовуқ карданд.
“Хати истеҳсолӣ, ки дар он 43 номгӯй таҷҳизот ва 129 комплекти мол ва ашё пешбинӣ карда шудааст, асосан аз кишварҳои Ӯзбекистон, Россия, Корея ва Чин таҳвил ва насб карда шудааст”,-омадааст дар гузориш.
Бино ба ин гузориш, дар доираи мувофиқаи шарикони тиҷоратӣ раванди истеҳсолот дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум истеҳсоли ду намуди чангкашак ва чор намуди обгармкунак, дар марҳилаи дуюми истеҳсолӣ телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад. Алҳол марҳилаи якуми хати истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, чангкашак ва обгармкунак истеҳсол мегарданд.
Ба гуфтаи масъулини корхона, маҳсулоти истеҳсолшаванда дорои муҳлати кафолати 3-сола мебошад, ки барои харидор ва истифодабаранда муфид арзёбӣ мегардад.
Шумораи умумии кормандони корхонаи муштараки “Артел Авесто Электроникс” дар ду марҳила беш аз 100 нафарро ташкил медиҳад.
То ин вақт 9 нафар кормандони корхонаи муштарак дар шаҳри Тошканд ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда, бо тартиби идоракунии техника ва таҷҳизоти хати истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки ашёи хом шинос гардидаанд:
Ба гуфтаи масъулон, ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии “Артел Авесто Электроникс” дар шаҳри Душанбе ба раванди гузариши ҷумҳурӣ аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, амалишавии “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии мамлакат мусоидат менамояд.