Сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон: Беш аз 30 санади нави ҳамкорӣ имзо мешавад

Shared to Facebook

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июн сурат мегирад, дар назар аст, ки 29 санади нави ҳамкорӣ ва созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расонида шаванд. Бино ба маълумоти маъмурияти резиденти Ӯзбекистон, ин санадҳо рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ташкили муассисаҳои муштарак, истеҳсолот, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф, масоили марбут ба сарҳад ва дигар бахшҳоро фаро мегирад.

Тасвиби ин санадҳо ҳанӯз охирҳои моҳи апрели имсол зимни сафари Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон баррасӣ гардида буд.

Масоили вобаста ба сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзи 5 июн дар вохӯрии якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо Муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов баррасӣ гардид:

“Дар рафти вохӯрӣ масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баррасӣ шуд”, — хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Завқизода, бо дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати омодагии ҳаматарафа дар сатҳи олӣ ва мувофиқанамоии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба барои баимзорасонӣ ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дода шудааст.

Инчунин дар рафти вохурӣ ҷонибҳо то ба 1 млрд. доллари ИМА расонидани гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои дуҷониба 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 133 млн. доллари ИМА баробар гардидааст.