Созишнома: БҶ барои ислоҳоти соҳаи андоз 50 млн доллар медиҳад

Shared to Facebook

Дар шаҳри Душанбе маросими Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расонидаанд.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати молия, ҳадафи Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз, ин сода намудани низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз мебошад:

“Маблағи умумии Амалиёт 50,0 млн долари амрикоиро ташкил дода, он аз Барнома ва Лоиҳа иборат мебошад.

Қисмати Барномаи Амалиёт 37,5 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои содагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва такмили риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз, ки аз “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” бармеояд, равона мегардад.

Қисмати дуюм ин маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ, бо маблағгузории ҷудогардидаи 12,5 млн доллари амрикоӣ буда, он аз харидорӣ ва таҳияи барномаи таъминотӣ барои автоматикунонии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва равандҳои тиҷоратро дарбар гирифта, аз такмили технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва идоракунии лоиҳа иборат мебошад”, — шарҳ дод Вазорати молияи Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти манбаъ, татбиқи амалиёти мазкур соли равон оғоз ёфта, соли 2026 анҷом меёбад.