Мулоқоти гурӯҳи парламентии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон

Shared to Facebook

Имрӯз, 21 сентябр, дар шаҳри Душанбе мулоқотҳои ҳайати парламентии Ӯзбекистон бо палатаи парламенти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бино ба маълумоти котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, барои баргузории нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парламентии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳайати намояндагии парламенти Ӯзбекистон ба Душанбе меояд.

Ба гуфтаи ӯ, чунин мулоқот бори аввал дар ҳайати нави парламенти нав интихобшуда баргузор мегардад:

“Ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду палатаи парламенти ин кишвар шомиланд, муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов сарварӣ мекунад. Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламенти Ӯзбекистонро муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ сарварӣ мекунад”, — гуфт Султонов.

Ҳайати Ӯзбекистон дар доираи ин сафар ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, аз шаҳри Турсунзода дидан менамояд.