Хуҷанд: Раиси шаҳр ба 220 донишҷӯ мукофотпулӣ тақдим намуд

Shared to Facebook Shared to Max

Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор гардид, хабар медиҳад «ИмрӯзNews ‘ бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа буда, дар пешрафти давлат ва рушди тамоми соҳаҳо нақши муҳим доранд. Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода иброз намуд, ки баргузории чунин мулоқотҳо ба таҳкими робитаи донишҷӯён бо мақомоти шаҳрдорӣ равона гардидааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, масъалаҳои марбут ба ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор доранд. Раиси шаҳр ҳамчунин таъкид намуд, ки шукргузорӣ аз истиқлол, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд мебошад.

Дар ҷараёни мулоқоти озоду ошкоро аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода суолу дархостҳо пешниҳод гардиданд.

Сипас, ба 220 донишҷӯи фаъолу аълохон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Мулоқот бо барномаи фарҳангии ватандӯстона ҷамъбаст гардид.

Мавзуна Ниёзова, хабарнигори /ИмрӯзNews/

Акс: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд