28 апрели соли 2026 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Фиристодаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин равобит дар бахши амниятиро баррасӣ намуданд. Ҳамсуҳбатон таваҷҷуҳи мутақобиларо ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва густариши ҳамкории амалӣ таъкид намуданд.
Ҷонибҳо оид ба вазъияти минтақа табодули назар намуда, аҳамияти мусоидат ба таъмини субот ва пешгирии хатарҳои гуманитариро зикр карданд. Ҳамзамон зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, таъкид карда шуд.
Аҳамияти қолаби минтақавии «С5+1» ҳамчун абзори муассир барои муколама ва таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико махсус қайд гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди табодули маориф ва фарҳангӣ ҳамчун заминаи муҳими шарикии дарозмуддат тасдиқ намуданд.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








