Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Доналд Трамп

Shared to Facebook Shared to Max

Cафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода рӯзи 17 феврал эътимодномаи худро ба Президенти Амрико Доналд Трамп супоридааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

“Зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп расонид. Дар навбати худ, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайғоми самимии хешро ба ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд”, — омадааст дар хабар. 

Президенти Амрико ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намудааст.