Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш хайрухуш кардааст.
Мулоқоти хайрбодии Маҳмадаминов ва Гутерриш рӯзи 11 май баргузор шудааст:
“Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону СММ, ба вежа дар соҳаҳои обу иқлим ва муқовимат бо терроризм мубодилаи афкор карда, вазъияти минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд”, — омадааст дар хабари ВКХ Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки бо фармони Президенти Тоҷикистон, аз 27 апрели соли равон, Маҳмадамин Маҳмадаминов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид озод карда шуд.