Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Комилов эътимоднома супорид

Shared to Facebook

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Вазири корҳои хориҷии он кишвар Абдулазиз Комилов нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Пас аз маросими супоридани эътимоднома, ки 13 май сурат гирифт, Сафири Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот кардаанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ кардаанд:

“Ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

“Сафири Тоҷикистон дар бораи дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам густариши муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба манфиатҳои ду мардуми бародар ҷавобгӯ мебошанд, маълумот дод. А.Раҳмонзода инчунин итминон дод, ки омодааст барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба кӯшиши зарурӣ ба харҷ диҳад”, — омадааст дар хабар.

Ҳамчунин, Сафир бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот анҷом додааст.