12 май дар шаҳри Маскав – пойтахти Русия ба муносибати 110 — солагии шоири халқӣ, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Шоми ёдбуд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои илмиву эҷодӣ, мақомоти дахлдори Русия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Москва, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон иштирок намуданд, хабар доданд аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки соли равон тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургдошти 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар чорчӯби чорабиниҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба ин хотир дар ҷумҳурӣ ба муносибати эҷодиёту фаъолияти ин фарзанди барӯманди халқи тоҷик баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ дар назар аст.
Сатторов хотиррасон кард, ки дар тӯли садсолаҳо сарзамини тоҷикон шоирон, нависандагон ва қаҳрамонони зиёдеро ба дунё овардааст, ки номҳояшон дар таърихи на танҳо адабиёти тоҷику форс, балки адабиёти ҷаҳонӣ ҷовидон мондаанд.
“Сарзамини аҷдодии мо ҳанӯз аз оғози давлатдориаш чун кишвари тамаддунофарини соҳиби асолату фарҳанги бостонии пурғановат худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонист. Таърихи фарҳанг ва адабиёти тоҷикон дорои собиқаи тӯлонӣ буда, дар давоми қарнҳо роҳҳои пурпечутоби ташаккулро тай намудааст. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи он мушкилиҳо, ҳамеша бетағйир боқӣ мондааст ва то ба имрӯз барои дарки арзишҳои инсонӣ — ростқавлӣ, ҷасорат, дурандешӣ, саховатмандӣ ва дӯстӣ муҳити мусоидеро фароҳам меорад.
Ба ин ҳаёт ва эҷодиёти ибратбахши яке аз намояндагони адабиёти муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода мисол шуда метавонад. Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёту фарҳанги халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст”, — афзуд роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон.
Қайд гардид, ки шеваи назми устод М.Турсунзода аз он сарчашма мегирад, ки ӯ аз адабиёти классикии тоҷик ва халқҳои дигари ҷаҳон ба таври комил баҳравар гардида, дар натиҷаи мутолиаи фаровон малакаи баланди шоирӣ ҳосил карда, ашъори ноби тоҷикиро эҷод намудааст.
Дар назди ҳозирин инчунин Намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой суханронӣ кард. Ӯ роҷеъ ба робитаҳои густардаи фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия ибрози назар карда, нақши муттаҳидкунандаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро муҳим арзёбӣ кард.
Мудири кулли Китобхонаи адабиёти хориҷӣ Павел Кузмин паёми табрикии Муовини вазири фарҳанги Русия Олга Яриловаро қироат намуд.
Шоири шинохтаи рус, тарҷумон, адабиётшинос, таърихнигори адабиёти рус, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт Михаил Синелников дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ изҳори андеша кард.
Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод М. Турсунзода намоиш дода шуд, ки он ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид.
Ҳамчунин ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз суруду таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Мирзо Турсунзода пешкаш гардид. Ҳунармандон бо оҳангҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд. Донишҷӯёни макотиби олии Русия аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд.
Шоми ёдбуди шоири тоҷик дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.