Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Лю Женмин ва Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Розмари ДиКарло мулоқот намудааст.
Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқоти Ҷонибек Ҳикмат ва Лю Женмин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, татбиқи қатъномаи “Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Ню Йорк, 2023) ва таъсири ҳамагирии Ковид-19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкориҳои самарабахш баён кардаанд.
Дар мулоқот бо хонум Розмари ДиКарло бошад, масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони Милал мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҷонибҳо инчунин дар мавриди вазъияти амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вежа Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Аз ин қабл Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Президенти Маҷмаи Умумии СММ Волкан Бозкир мулоқот карда буд.