Душанбе нимсоларо ҷамъбаст кард

Shared to Facebook

14 июл таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, доир гардид.

Дар иҷлосия 7 масъала, аз ҷумла, гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62, иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба иншоотҳои бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, оид ба иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ, дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи овоздиҳии рӯзи 16 майи соли 2021, дар ҳавзаи интихоботии №62, Қурбонзода Амирхон Файзулло, номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо гирифтани 69,83{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}-и овозҳо вакили интихобшуда эътироф гардида, бо овоздиҳӣ ваколати вакилии ӯро тасдиқ намуданд.

Сипас вакилони халқ масъалаи иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба иншоотҳои бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе баррасӣ намудаанд. Дар ин бобат ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед шунида шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастуру супоришҳо додааст, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар иншооти банақшагирифташуда, махсусан “Майдони Истиқлол”, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳу пулҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва савдову хизматрасонӣ, истифодаи масолеҳи хушсифат ва бо риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ, амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ барои фароғати сокинону меҳмонон дар боғу гулгаштҳо бо риояи талаботи санитарию гигиенӣ, насби шиору овезаҳои идона мувофиқ ба мазмуну моҳияти ин ҷашни муқаддаси миллӣ дар хиёбону гулгаштҳо ва намои берунаи ташкилоту идораҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин оид ба ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеа таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҳим андешида, дар робита ба ин барои ташкил ва гузаронидани барномаҳои махсуси телевизионӣ, намоиши дастовардҳои 30-соли Истиқлолият, конференсияҳо, ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, илмиву маърифатӣ тадбирҳо андешанд.

Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор кардааст, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои мушаххасу амалӣ андешанд.

Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ кардааст, ки сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлоламон истиқбол мегиранд.

Дар идома вакилони халқ масъалаи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии тиббиро баррасӣ намудаанд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ “Дар бораи ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасониҳои тиббӣ” ҳисобот додааст.

Дар робита ба ин Раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки бо мақсади татбиқи барномаҳои соҳавӣ, бахусус оид ба иммунопрофилактика, рушди солимии ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон, пешгирии бемории сил, бехатарии хуни донорӣ корбарӣ намуда, якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии СOVID-19, ҷиҳати муташаккилона ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолии пойтахт тадбирҳо андешида, инчунин бо ҷалби табибону мутахассисони тиббии касбӣ корҳои фаҳмондадиҳию назоратиро бобати ба манфиати саломатии худи одамон равона гардидани эмкунӣ ба роҳ монанд.

Таъкид гардидааст, ки бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, грантӣ ва ташаббуси соҳибкорон барои ба талаботи шаҳрдорӣ мутобиқ намудани муассисаҳои тиббӣ аз минтақаҳои ноҳияи Рӯдакӣ воридшуда ва бунёди марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббии замонавӣ чораҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.

Дар иҷлосия, ҳамчунин, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ шунида шудааст.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дастур додааст, ки вакилон ҷиҳати иҷрои ваколатҳои худ дар амалӣ намудани татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирандешӣ намуда, бобати гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо интихобкунандагон барои вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ташаббускории худи вакилон дар ободонию пешравии кӯчаю маҳал ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар нимсолаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ҳисобот додааст.

Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба масъалаи баланд бардоштани рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии мардум ҷалб намуда, талаб намудааст, ки бо ба роҳ мондани истифодаи технологияи нав ва истеҳсоли молҳои рақобатпазир дар корхонаҳо, ҳаҷми содироти маҳсулоти дохилиро зиёд карда, ба рушди молҳои воридотивазкунанда заминаи мусоид гузоранд.

Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намудааст, ки бо мақсади беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, кам намудани бақияпулиҳои андоз, ба андозбандӣ фаро гирифтани шахсоне, ки бидуни қайд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дастгирии давлатии соҳибкорию сармоягузорӣ, истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, омодагӣ ва захира намудани маҳсулотҳо барои давраи зимистон, тақвияти корҳои омодасозии шабакаҳои гармитаъминкунӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, танзими нақлиёти мусофиркашонӣ, омодагӣ ба дӯхти либоси мактабӣ ва нигоҳубину обмонии дарахтон чораҷӯӣ намоянд.

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кардааст.